Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Фоҷеаи муйсафеди тоҷик дар Русия

$
0
0

Ин мӯйсафед дар яке аз оғилхонаҳо дар вилояти Калугаи Русия шадидан латукӯб шуд. Ду сокини маҳаллӣ шаби 25 декабри соли 2015 ба ин пирамард ҳамла карданд. Вай 7 январ дар ҳолати беҳушӣ ҷон бохт.

 

Нафароне, ки Ғафуровро мешиносанд, мегӯянд, вай дар пиронсолӣ маҷбур шуд ба хориҷи кишвар муҳоҷират кунад. Зеро фарзандонаш дар Русия ва дар ватан ӯро нигоҳубин намекарданд.

“Бобои Ватан” дар яке аз оғилхонаҳои деҳае дар вилояти Калуга кор мекарданд. Вай дар ҳамин ҷо зиндагӣ ҳам мекард. Сабаби ҳамла ба вай то ҳол рӯшан нашудааст. Ҳар ду ҳамлагари эҳтимолӣ боздошт шуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми куштор боз шудааст.

Тиби омори расмӣ то 1 миллион сокинони қодири кори Тоҷикистон дар Русия қарор доранд. Бештаре аз онҳо ба хотири пайдо кардани ҷойи кор ва маоши муносиб озими Русия мешаванд.

Ҳамасола беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик дар Русия дар шароити мухталиф, ба монанди садамаҳо, ҳодисаҳои нохуш ва ё дар пайи ҳамлаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>