
Муфтии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ, имрӯз 12 январ гуфт, Муҳиддин Кабирӣ баъди салом кӯшиши баҳс бо манро дошт, ки гуфтам ин ҷо ҷои баҳс нест.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои маркази исломиии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигорон дар робита ба дар канори Муҳиддин Кабирӣ нишастан ва бо ӯ салом кардан гуфтааст, ки ба сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ишорат кардааст, ки аз ҷо бихезад ва аз маҷлис берун равад, аммо сафир ба ин ишораи ӯ посухе надодааст. Ӯ гуфт, ҳангоми дастдароз кардан Муҳиддин Кабирӣ хост бо ӯ баҳс кунажд, ки дар ҷавоби ин тақоҳаи Кабирӣ гуфт, ин ҷо ҷои баҳс нест.Ӯ гуфт, дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон дар наздаш яке аз бузургҳо Алӣ Акбар Вилоятӣ нишаста буд ва баъди 5 дақиқаи ҳузурашон дар толор оқои Кабирӣ низ ворид шудааст. Ӯ хостааст толорро тарк кунад ва сӯи сафир ишора кардааст, аммо ҷавобе нашунида, ночор дар ҷояш нишастаст.
Қаблан Тоҷикистон даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба Теҳрон маҳкум карда, онро хилофи дӯстӣ хонд. Абдулқодирзода дар хутбаи намози ҷумъаи гузашта Кабириро террористи рақами як хонда, Эронро ба пуштибонӣ аз ҲНИТ муттаҳам кард.
Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.