
Санаи 11 январи соли равон дар шаҳри Сюрихи Швейтсария маросими супоридани ҷоизаи бонуфузтарини Федератсияи байналмилалии футбол – «Тӯби тиллоӣ» бошукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.
Дар маросими хотирмон мураббиҳои беҳтарини дастаҳои мардонаю занона, футболбозони беҳтарини соли 2015 дар байни дастаҳои мардонаю занона, голи зеботарини сол ва барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» муайяну арҷгузорӣ шуданд.
Тибқи овоздиҳии сармураббиёну капитани дастаҳои мунтахаби миллӣ ва намояндагони ВАО Лионел Месси – ҳамлагари дастаи «Барселона» ва дастаи миллии Аргентина бори панҷум сазовори «Тӯби тиллоӣ» эътироф гардид (41.33% овоз). Довталабони дигари «Тӯби тиллоӣ» ҳамлагари «Реал» Криштиану Роналду 27.76% ва ҳамлагари «Барселона» Неймар 7,86% райъ гирифтанд.
Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти натиҷаҳои мавсими футболи соли 2015 Л. Месси боз рекорди нав гузошт: ӯ ягона футболбозе ҳаст, ки аз ҳама зиёдтар ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро мушарраф гаштааст. Ҳарифи асосии ӯ Криштану Роналдуро ин қадрдонӣ се бор насиб гардидааст.