Зиндагиномаи як зани тоҷик, ки аз Сурия, аз доми ДИИШ фирор кардааст
Бисёр душвор аст, вақте ки дар наздат як зани тоҷик бо чашмони хунгирифта , рӯю мӯйи парешон мебарояду дар бораи корнамоиҳояш дар ҷангҳои Суриву Ироқу Шом ҳарф мезанад. Ман ҳеҷ гоҳ он эҳсосе, ки ҳозир дорам, надоштам. Билохира аз кӯчаҳои танги маҳаллаи “Кӯҳдоман” гузашта ба суроғаи зарурӣ наздик мешавем. Ҳа, шояд суоле сар занад, ки чаро ба “СИЗО” ё шӯъба не? Чун ин суол аввал зеҳни маро низ машкук карда буд. Бо амри Сарвари давлат, ба моддаи 401-и кодекси ҷиноӣ Замима (1) ворид шуда онҳое ки аз амалиётҳои ҷангӣ дар воҳидҳои давлатҳои дигар ихтиёрӣ даст мекашанд, аз ҷавобгапрӣ озод карда мешаванд...
Дар назди дарвоза марди ҳалиме моро пешвоз мегирад ва ба хона шармгине салом гуфта, вориди хона шуд. Ман ҳайрон шудам, ки чунин як духтари орому мулоим ва шармгину ҳалим, чӣ гуна тавониста ба "ҷиҳод"равад? Ё ӯро бурдаанд? Фиребаш доданд? Аз ӯ мепурсам:
-Ному насабатон?
-Ҷамолбӣ Ҳамидова.
- Биёед шурӯъ мекунем варақ гардонидани дафтари хотироти Шуморо. Қиссаи чӣ хел ва бо кадом восита ба ҷангҳои Сурияву Шом рафтанатонро нақл кунед, ман гӯш мекунам...
-Ҳамаашро? Аз аввал? Бисёр аст…
-Ҳеҷ гап не...
-Соли 2008 бо Шариф ном ҷавоне оиладор шудем. Шавҳарам соли чоруми хонадориамон ба муҳоҷират рафт. Он вақт ман барои фарзанддоршавӣ табобат мегирифтам. Баъди се моҳи рафтанаш маро ба наздаш даъват кард ва ман чипта харида, Краснадар рафтам. Ӯ дар сохтмон кор мекард, маоши нағз мегирифт, ба иҷорапулӣ, хурду хӯрокамон мерасид, илова бар ин, ба Тоҷикистон пул мефиристод. Ҳамин тавр, як сол сипарӣ шуд. Як рӯз тариқи барномаи «Новости» ҷангҳои Сурияро нишон доданд. Ёдам ҳаст, ки тайёраҳо бомба мепартофтанд, дуду чангу хок ба осмон мепечид…
Шавҳарам ба ман нигоҳ карда гуфт, ки ман ҳамин ҷо меравам «Замини Шом». Ман бо ӯ ҷангҷол кардам, ки мо ин ҷо ба нияти кор карда, хонахарӣ омадем, на ҷангравӣ… Ҳамин тавр чанд рӯз гузашт. Шариф ба ман гуфт, ки дар Истамбул ҷойи кори нағз пайдо кардаасту он ҷо меравад, баъдан, ки ҷо ба ҷо шуд, маро мебарад. Баъди як моҳи ӯ ман ҳам рафтам. Ӯ маро дар фурудгоҳ пешвоз гирифту мо аз он ҷо ба автовокзал рафта, ба автобус нишастем. Сафарамон тӯлонӣ буд...
-Шавҳаратон ба Шумо гуфт, ки куҷо меравед?
-Не, ман пурсидам, ки куҷо меравем, ӯ фақат мегуфт: «Дам назан!. Даматро гир»… баъди як шабонарӯз аз автобус пиёда шудему моро як ҷавони араб дар қарибии сарҳад пешвоз гирифт ва амр кард, ки бояд давем ва мо ҳам ба амраш итоат кардем. Ман сахт тарсидам, мо хело давидем, аммо ба ман касе чизе намегӯяд, дар сарҳад як ҷӯй ё хандақ ҳаст, аз он ҷо паридем, медонед ман ончунон тарсида будам, ки заминро ҳис намекардам… ва аввалин садои тирро шунидам… Уффф, медонед, чӣ ҷойи шарм аз тарс тар кардам… Дар як ҷо истодем, гӯё ки расидем. Дашти васеъ ва талу теппаҳои зайтунзор намудор буданд. Моҳи Рамазон буд. Ин дам шавҳарам хандакунон гуфт:
-Ин замин «Замини Шом», замини муқаддас! Ба ҳар кас насиб намекунад, ба ин ҷо омадан. Ту бояд шукр кунӣ, ки ин ҷо омадӣ. Ман чизе намегуфтам. Ду- се нафари дигар омада, моро гирифтанд ва ба як хонаи чорошёна бурданд, ки он ҷо ду акаву додар бо дутоӣ занҳояшон мезистанд. Мо он ҷо як ҳафта истодем.
-Шумо фаҳмидед, ки ҷиҳод омадед?
-Не, ибтидо ӯ ба ман чизе намегуфт. Шаб хоб меравем, самолётҳо бомба мепартоянд, аз ҳар тараф тир мепаррониданд. Арабҳо бо кӯдаконашон доду фарёд мекунанд. Фаҳмидам, ки мо дар куҷо ҳастем. Хонаи дигар кӯчида, се моҳ зистем ва аз он ҷо ба Анҷара ном макон, кӯч бастем. Дар Анҷара шавҳарам як рӯз баромада рафта, як моҳ наомад. Баъди як моҳ пайдо шуд, ки тамоми баданаш ярадор, шикамаш духтагӣ, кукҳои калон –калон, маълум, ки духтури касбӣ надӯхтааст, аҳволаш бад. Баъде, ки Шариф ярадор шуд, моро ба Кафарҳама бурданду дигар на кӯмак карданд, на пул доданд, ҳатто духтур намефиристоданд, ягон намуди доруворӣ надоданд. Шуш ва умуман узвҳои даруниаш варам карданд, нафасаш мегирифт. Баъди якуним моҳ сиҳат ёфт, нимкола шуд. Диданд, ки сиҳат ёфт, боз омада бурдандаш. 9 декабр, -овоз дар гулӯйи Ҷамолбӣ гиреҳ мехӯрад, нафасгириаш тез шуда, мехоҳад фарёд занад, аммо аз ман шарм медорад, ки худашро ба даст гирифта, идома медиҳад,- 9 декабр, ду нафар омада гуфтанд, ки шавҳарат шаҳид шуд. Бо телефон расмашро нишон доданд, даҳонаш кушода, чашмонаш кушодагӣ. Дасту почаам суст шуд! Ҳамсояҳо рафта меомаданд, хӯрок меоварданд, гириста мешиштам. Чӣ ҳам аз дасти ман меомад?
-Вақте ки шавҳаратон ҷароҳат набардошта буд, ҳар саҳар рафта бегоҳ меомад?
-Не, не аввалҳо панҷрӯзӣ мерафт. Як рӯзи истироҳат дошт. Баъдан даҳрӯза шуд. Охирон як моҳ рафту омад, ки ярадор. Вақте ярадор шуду партофтандаш, худаш пушаймон шуд. Гуфт, ки ман фиреб хӯрдам, кори нодуруст кардам. Ба фиребашон дода шуда, турову худамро дар азоб мондам. Маро бубахш…
-Шумо дар вақти набудани шавҳаратон чӣ кор мекардед?
-Хона менишастам, тарсида. Кори хона мекардам.
-Занҳои тоҷик ҳам он ҷо буданд?
-Не, ман во нахӯрдаам. Бо занҳои араб як ҷо будем. Шавҳарҳояшон бо ҳукумати Башшор Асад ҷанг мекарданд.
-Тақдиратон баъди марги шавҳар чӣ гуна сурат гирифт?
-Баъди як ҳафта як зан бо шавҳараш маро гирифта хонаашон бурд. Гуфтанд, ки ту моли “Давлати исломӣ” ҳастӣ, шавҳарат медиҳем. Ман илтиҷо кардам, зора кардам, ки шавҳар намехоҳаму маро аз сарҳад гузаронанд. Онҳо розӣ шуданд. Вақти гузаштан аз сарҳад азоб кашидам. Гузаштанамон қариб як моҳ тӯл кашид.
-Танҳо будед?
-Не, ҳамроҳам як занаки чечен, як турк, як доғистонӣ ва чанд ҷавони араб. Истамбул омадем. Чечензан дар Истамбул хонаи иҷора доштааст. Турк хонааш рафт, араб бозгашт ману доғистонӣ ва чечену ду кӯдакаш он ҷо мондем. Баъдан хонаи як озарбойҷонӣ рафта зиндагӣ кардем.
-Шуморо кӣ ин тараф он тараф мебурд? Мардҳои араб ё турк?
-Дар Истамбул бо занҳо будем, мардҳоро надидаам, дар Сурия буданд.
-Не Туркияро дар назар дорам, кӣ маблағи иҷора медод, кӣ хӯрока мехарид?
-Занаки чечен меовард, мехарид. Як моҳ он ҷо зиндагӣ кардам ва баъдан билет гирифта, паридам Краснадар.
-Аз куҷо пул пайдо кардед, барои чиптахарӣ?
-Ба як дугонам телефон кардам, билети электронӣ харид то Краснадар.
-Дугонаатон тоҷик буд?
-Не, рус! Маро пешвоз гирифт, хонаи вай рафта зиндагӣ кардем. Фикр кардам, ки се моҳ истода ақаллан роҳкиро кор карда, Тоҷикистон меоям, аммо ӯ маро ба гап андохтанӣ мешуд, ки исто куҷо меравӣ, дар Тоҷикистон чӣ кор мекунӣ. Ба гапи онҳо гӯш кардам ва он ҷо истодам. Ӯ кор мекард, ман кӯдакашро нигоҳ мекардам. Онҳо маро насиҳат кардан гирифтанд, ки ҷавон ҳастиву шавҳар кун! Кӯдакдор мешавӣ ва ман розӣ шудам. Онҳо марди доғистониеро оварданд ва ман дуюмбора бо ӯ хонадор шудам. Уфф... ба хотири он ки кӯдакдор шавам.
-Он марди доғистонӣ ҷавон буд?
-Чилсола буд. Ман ибтидо ӯро дидам, марди хуб буд, арақхӯр не, сигоркаш не, одами нағз буд аввал. Ибтидо шавҳар карданӣ набудам, аммо онҳо маро «угаварит» карданд…
-Ҳамон дугонаи русатон «угаварит» кард?
-Ҳа, ҳамон.
-Дугонаатон мусулмон буд ё насронӣ?
-Мусулмон.
-Номи шавҳари доғистониатон чӣ буд?
-Элман.
-Ӯ пеш зан дошт?
-Ҳа, занаш либосҳои диниро (сатру ҳиҷобро) қабул накардааст, бо ду кӯдак ҷавоби ӯро додаст. Баъди никоҳ зиндагиамон нағз буд. Ду моҳ дар Краснадар истодем. Акаи шавҳарам дар Анталияи Туркия зиндагӣ мекард. Ӯ чанд бор моро даъват кард, то он ҷо равем. Шавҳарам розӣ шуд. Тариқи Истамбул ба Анталия рафта, як моҳ дар хонаи акаи шавҳарам истодем. Баъдан хона иҷора гирифтем, шавҳарам кор ёфт.
Ахирон ӯ ҳам гӯё девона шуд. Як рӯз гуфт, ки Сурия меравем. Ман ӯро илтиҷо кардам, гуфтамаш, ки ман он ҷо будам, туро мекушанд, ҳоли ман чӣ мешавад. Аммо ӯ ба гапи худаш меистод. Мегуфт:
- Ман шавҳар, ту зан! Ман туро хоҳиш не, амр медиҳам!
-Ӯ маро тарсонд, ки агар наравам, ҷавобамро медиҳад. Ба ғазаби Худо гирифтор мешавӣ, Худованд ҳам дар ин дунё, ҳам дар он дунё азобат медиҳад, месӯзӣ, мегуфт ӯ. Билохира рафтем. Аз Анталия боз Истамбул, аз он ҷо боз ба автобус нишаста, роҳакӣ шудем...
-Боз ба ҳамон роҳи пештара?
-Ҳа, аммо ин даъфа роҳи Газантепро пеш гирифтем. Қарор буд, ки дар он ҷо, дар меҳмонхона зиндагӣ мекунем. Вақте ба Газантеп расидем, аз автобус фаромадан баробар моро полиси турк манъ кард ва барои тафтиши ҳуҷҷат ба шуъба бурданду ба хонаҳои алоҳида: маро назди занҳо шавҳарамро назди мардон ҷой карданд. Дар он ҳуҷра занҳои зиёде аз Саудия, Сурияву Доғистон буд. Моро ҳангоми бозпурсӣ суол карданд, ки куҷо меравӣ, Маскав ё Душанбе? Дар наздам ду роҳ буд: агар Тоҷикистонро интихоб мекардам, аз шавҳарам ҷудо мешудам, агар Русияро интихоб мекардам, боз ҳамон тақдир такрор мешуд. Ман каме фикр карда, гуфтам, ки Тоҷикистон.
-Бо Элмус, яъне бо шавҳаратон чӣ шуд?
-Вай он ҷо монду маро тариқи тайёраи Газантеп- Истмабул-Душанбе ин ҷо оварданд.
-Ҳамин тавр даъфаи дуввум ба Сурия нарасидед?
-Худоро шукр, ки нарасидам!
-Ман суханҳои шуморо гӯш кардам, аммо ман ба як чиз ҳамеша дар ҳайрат мемонам, ки шавҳарони Шуморо ҳамонҳо чӣ гуфта мебаранд, биҳишт ё пул ?
-Шариф ба ман чизе нагуфт, аммо шавҳари дуюмам мегуфт, ки он ҷо замини бобаракат ва муқаддас аст. Аммо ман дидам, ки он ҷо ҳеҷ муқаддасоте нест, баракате надорад, об нест, нонро ба серӣ намехӯрдем, гуруснагиву ташнагӣ мекашидем, дар хона тарсидаву ларзида менишастем. Аммо Элмус маро гӯш намекард, мегуфт, ки замини бобаракат ва дорои шароити хуб…
-Бисёриҳо мегӯянд, ки “Давлати исломӣ” мардумро бо додани маблағҳои ҳангуфт ба доми худ медароранд. Шумо мегуфтед, ки ба Шариф чӣ қадар маблағ медоданд. 1000, 2000 доллар?
-Не, аз куҷо? Аз ибтидои рафтанамон 100 долларӣ барои хӯрока медоданд, ки ҳатто ба картошкаву пиёз намерасид.
-Шумо ба мардум, ба он ҷавононе, ки дар сар фикри ба ном "ҷиҳод"рафтан доранд, чӣ гуфтанӣ ҳастед?
-Он ҷо наравед! Он ҷо ҷуз зӯроварӣ, даҳшат, одамкушӣ ҳеҷ чизи дигаре нест! Ҳатто оби хӯрдан надорад, гуруснагӣ, ташнагӣ, ҷанг. Пулу хона медиҳем гуфта, фиреб мекунанд, ҳамааш дурӯғ аст! Тоҷикистони мо биҳишт аст, обаш, ҳавояш, ҳама чизаш...
-Вақте Шумо омадед ё аниқтараш Шуморо ба Душанбе фиристоданд, кормандони мақомотҳои қудратии Тоҷикистон бо Шумо чӣ хел муносибат карданд?
- Вақте ман дар он ҷо будам, моро метарсониданд, ки дар Тоҷикистон шуморо азоб медиҳанд, аммо ба Худо қасам бо ман мисли хоҳар муносибат карданд. Ягон намуд азоб, шиканҷа ва фишори равониро нисбати ман раво надиданд. Медонед, чанд вақт чизе дурусте нахӯрда будам, ба ман қурутоб оварданд. Кулчаро баъди чандин сол хӯрдам...
-Шумо боре ҳам фикр кардед, ки ҳамаи шахсоне, ки Шуморо иҳота мекарданд, аз ҳамон гурӯҳ буданд? Мисол дугонаатон, занаки чечен, Элмун…
Модари Ҷамолбӣ, ки дар вақти суҳбат бо мо нишаста буд, дар ҷавоби ба ин савол пешдастӣ кард:
-Ин аз куҷо медонад, ӯро фиреб карданд, аз содагӣ ва бесаводиаш истифода карданд. Ин ҳатто мактаб нахондааст, то синфи чор таҳсил карда буду халос…
Ҷамолбиву волидайнаш вақти гусел то дарвоза омаданд. Вақти хайрухуш аз Ҷамолбӣ пурсидам:
-Ҳоло вазъи саломатиатон чӣ хел, то ҳол садои тиру туп дар гӯшатон будагист?
-Сарам дард мекунад, баъзан он чунон дард мекунад, ки аз замин бардошта наметавонам.
-Осуда бошед, обу ҳавои Тоҷикистон шифо мебахшад!
..Аз дар баромада ҳанӯз ҳамон ҷумла дар гӯшам садо медиҳад: «…аз содагӣ ва бесаводиаш истифода карданд. Ин ҳатто мактаб нахондааст, то синфи чор таҳсил карду халос…».
Одили НОЗИР,
«Тоҷикистон»