Мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд Обидҷон Шаропов зимни як нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД- вилояти Суғд 179 фолбину сеҳру ҷодугарон ва 22 нафар табибони ғайрикасбӣ ошкор ва ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод карда шуда, аз онҳо ба арзиши 16 400 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
Пирамарди «фарзандёб»
Яке аз чунин “табибон”-и суғдие, ки кору аъмоли ӯ аз тамоми расонаҳои кишвар намоиш дода шуд, пирамардест, ки баъд аз ба нафақа баромадан табибиро барои худ як василаи рӯзгузаронӣ қарор додааст. Ӯ ба занҳои ба наздаш меомада амалҳои ғайриинсониву ношоистаеро раво дидаву иҷро мекард, ки баъзе аз ин амалҳо низ тариқи шабакаи аввал нишон дода шуданд
Рӯзибой Норматов, сокини 65-солаи деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии мардум даромада, худро табиби халқӣ эълон кардааст.
Дар навори гузориши ВКД нишон дода шуд, ки аксар мизоҷони Норматов бонувон буда, барои табобат, аз дарди дил ва фарзанддор шудан ба назди ӯ меоянд. Ӯ нисбат ба онҳо амалҳои шаҳвониро раво мебинад. Тариқи Шабакаи аввал наворҳои фаҳшомез аз муносибати ин мард бо бонувон бидуни истиҳола намоиш дода мешуд.
Дар шарҳи ин хабар масъулини ВКД гуфта буданд, ин нафар ягон маълумоти олӣ надошта, то ба синни нафақа баромаданаш тракторчӣ будааст. Баъдан ӯ курсҳои 3-моҳаро хатм карда, барои фаъолияти табиби мардумӣ сертификат ва иҷозатнома мегирад.
Ҳоло нисбат ба Рӯзибой Норматов дар асоси аризаи ҷабрдидагон бо моддаи 247 (қаллобӣ)-ии Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишоти он идома дорад. Айни ҳол Норматов боздошт нашуда, бо шарти берун нарафтан аз макони зист дар озодӣ аст.
Чор ҳоҷати занҳо, ки онҳоро назди фолбин меорад
Занҳо ба назди фолбин ва дигар гарму сардчиҳо асосан барои чор ҳоҷат меоянд: барои хиёнат ё зани дуввум гирифтани шавҳар, барои бахти духтарашон, барои саломатии фарзанд ва барои гарм кардани марде. Аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир дар баробари занҳо шумори мардони ба назди домулло ва ё фолбин раванда низ афзуда истодааст. Ин тоифа мардон барои кӯшоиш ва пешравии кор, занеро ба худ моил кардан, забони роҳбар ва ё ягон корфарморо бастан ва хуллас барои ҳалли мушкилии худ ба фолбин ва домулло муроҷиат менамоянд. Ҳангоми мушоҳидаи занҳои дар назди фолбин навбат истода чанд мардеро дар радифи онҳо дида дар ҳайрат мондам. Ба худ андеша кардам, чӣ ҷойи айб, чӣ, фақат занон мушкилот доранду барои ҳалли он мекӯшанд? Мардону занон баробарҳуқуқанд...
Аммо онҳо ҳатман “кидат” мешаванд. Ҳатто онҳое, ки гӯё барои гарм кардани муносибати сарди ҳамсар ва ё хусуру хушдоман омадаанд, аз ҳамон муносибат ҳам маҳрум гардидаанд, яъне оилавайрон шудаанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода чӣ мегӯяд?
Дар ҷомеа як гурӯҳи домуллоҳоро “домуллои бахткушо” унвон кардаанд. Аъмоли онҳоро Раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода чунин арзёбӣ намуд:
-Сеҳр, фол дидан, ҷодугарӣ кардан аз нигоҳи Ислом манъ аст. Соҳирӣ, фолбинӣ гуноҳи азим ба ҳисоб меравад. Ҳар нафаре, ки барои ҳалли мушкилоти худ ба назди фолбин меравад, ӯ ҳам осию гунаҳкор ҳисоб мешавад. Муттаасифона, мардум аз сабаби паст будани маърифати динӣ ё маърифати динӣ надоштан, ба назди соҳирону ҷодугарон мераванд.
Соҳиру ҷодугар аз ғайб ҳарф мезананд, мушкилоти нафари корафтодаро гӯё комилан бартараф карда метавониста бошанд, эшонро дилпур менамоянд ва ваъдаи дар муҳлати муайян “ҳал” шудани мушкилоташонро медиҳанд. Эшон бо суханони макромези худ ба эътимоди корафтодагон ноил гардида, баъдан талаби ҳар гуна молу амволро менамоянд, ки инро беистиҳола метавон “бизнеси беандоз” номид.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода мегӯяд:
-Дар Қуръони азимушшаън гуфта мешавад, ки илми ғайбро ягона Парвардигор медонаду халос. Оре, ба ҷуз он Зоти пок, каси дигар наметавонад барои бартараф намудани мушкилоти мо, пеши роҳи онро гирифтан ва ё ғами моро сабук кардан мусоидат намояд.
Ҷавоне, ки хушрӯ “кидат” шуд ва ҷавони дигаре, ки....
Яке аз он нафароне, ки ба қавли худаш “хушрӯ кидат” шудаст Ҷамшед - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошад.
Ин ҷавони гумроҳзада аз ҷумлаи он нафаронест, ки ба суханҳои “пурмуҳтавои” фолбинзан дода шуда, барои кушоиши кор 200 сомонияшро дода, ҳанӯз аз хонаи фолбинзан нарафта пушаймон шудааст. Ӯ мегӯяд:
-Ман ба домулло ва бахшиву фолбин эътимод надоштам. Аз чӣ сабаб бошад, суханони ин зан маро тасхир кард ва ман худ аз худ аз уҳдаи идораи идрок натавонистам бароям. Маро як чиз ба ҳайрат гузошт, ки ӯ ғоибона аз рӯзгорам ва атрофиёнам ҳарф мезад. Баъзе аз гуфтаҳои ӯ ба ҳақиқат наздик буданд.
Довуд, як ҷавони дигар ҳинни суҳбат чунин гуфт:
-Давоми 7-сол ранҷи бефарзандӣ мекашидам. Нафарони зиёд аз дӯстонаму корафтодагон ба ман тавсия дода мегуфтанд, ки ба назди фолбин ва ё ба назди “домуллои мушкилкушо” равам. Аммо ман гуфтаи эшонро мақбул надоштам. Нолаҳои аз сидқ кардаи маро Худои муттаол бишунид ва ранҷуриҳои маро ба шодии беинтиҳо мубаддал карда, ба ман соли ҳаштуми оиладорӣ писари чун Рустами достонро насиб гардонид.
Фоли тӯтӣ
Овозаҳо моро ҳам ба он даргоҳ бурд. Барои равшанӣ андохтан ба мавзуъ назди як фолбинзан, ки миллаташ тотор буд (аз ифшои номаш худдорӣ намудем), рафтам. Дар назди дараш як гурӯҳ занҳо бо ҳам суҳбаткунон меистоданд ва аз суҳбаташон маълум буд, ки аз ҳар шаҳру навоҳии вилоятанд. Ба наздашон рафта пурсон шудем, ки оё фол дуруст мебарояд? Дар ҷавоб ду-се нафарашон гуфтанд, ки таъсир кардан ва ё накардани фол ба ихлосатон вобастааст. Пас аз чанд лаҳза навбати ман (яке аз муаллифони мақола) омад, ворид шудам.
Суол додам, ки то чӣ андоза ин амалҳояш ҳақиқате доранд, ӯ нобоварона ҷавоб дод, ки ҳама кор аз ихлоси мизоҷ вобаста аст. Агар мизоҷ ихлос карда, дари хонааш биёяд, ҳатман ба мақсадаш мерасад.
Зани солхӯрдае менишаст ва баробари нишастан сӯям қаҳва дароз кард. Ӯ бо қаҳва фол медидааст. Ҳангоми дидани фол зуд-зуд “Худо хоҳад” мегуфт. Дар фарҷоми суханаш бошад, “Ҳар чизе, ки ният карда бошӣ, Худо ба ниятат расонад”, гуфт.
Ин суханони зан маро ба андешае овард, ки агар ҳама мушкилот бо хоҳиши Худованд ҳал шавад, пас чӣ зарурати ба назди фолбину домуллоҳо рафта, маблағ сарф кардан, ғарқи гуноҳ гардида, ба иқтисодиёти оила зарар овардан?
Аз суҳбати занҳои дар назди дари фолбин навбат истода маълум шуд, ки аксарияташон бо сабабҳои оилавӣ, кушодани дари бахти фарзанд, муайян намудани мақсад ва рафтори шавҳар ва шавҳарони дар Русия будааст, ки гӯё он фолбин шавҳарони дар ғарибӣ будаи эшонро ғайбдонӣ карда, дар куҷоянд ва бо киҳоянд, ифшо мекарда бошад. Аз чунин рафтори на содалавҳона, балки аҳмақонаи онҳо доди кас бар фалак мепечад, ки Худованд ақлро ато фармудааст, аммо бархе аз мо, бандагони ношукр мавқеи истифодаи онро ҳам намедонем.
Он рӯз дар бозори Панҷшанбе лӯлизанҳое менишастанд, ки бо тӯтӣ фол медиданд, ки гӯё тӯтӣ фол дида, аз кору фаъолият, зиндагиву бахт пешгӯӣ мекарда бошад. Тӯтии бечора забон надорад, ки гӯяд “ман намедонам, ман намехоҳам, ман манбаи даромад нестам” .
Аз мушоҳидаҳои мо ва гуфтаи ашхоси корафтодаи даргоҳи сореҳон аксарияти фолбинҳо вақти фолкушоӣ суханҳои умумӣ мегӯянд.
Масалан "дилат ҳамеша зиқ аст, ҳамсояат ба ту ҳасад мебарад, туро ҷониби шавҳарат ҷоду хӯрдондагӣ, душмани ту аз хешовандони шавҳарат "ва ба ҳамин монанд суханҳое, ки ба бовар кардан наздиканд.
Мушоҳидаҳо аз дидани эътимодмандони он зан, ихлосмандони фол ва фолбинзан хеле мутаассир шудем ва гумон намекунам, ки онҳоро танҳо бо роҳи насиҳат аз роҳи нодурусташон гардондан имкон дошта бошад...
Фарзона Муродӣ, "Тоҷикистон", №30,2015