Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all 1838 articles
Browse latest View live

Маоши кормандони Агенти зидди фасод аз 940 сомонӣ сар мешудааст

$
0
0

Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини якуми директори Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳаҷми миёнаи маоши кормандони ниҳоди зертобеяшро аз 940 то 1265 сомонӣ арзёбӣ намуд. Қодириён имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки феълан Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 480 коргар, аз ҷумла 89 хизматчии давлатии самти назорати молиявӣ ва 391 хизматчии ҳарбӣ дорад: “Маоши хизматчиёни давлатӣ 940 сомонӣ ва аз хизматчиёни ҳарбӣ 1265 сомониро ташкил медиҳад”.

Категорияхо:

Addthis: 

12 худкушии хонандагон дар Суғд

$
0
0

Ба иттилои Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Қосимович Шумораи дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 39-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят  ҷиноят содир намуданд, ки нисбати панҷ моҳи соли гузашта 11 нафар  кам мебошад. 

Дар ин муддат 12 нафар хонандагон  даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задаанд, ки  нисбат ба 6 моҳи  соли 2014 3 нафар кам  мебошад.

Дар оғози соли хониши 2014-2015 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 нафар хонандагон, аз ҷумла 15 нафар духтарон бо сабабҳои гуногун аз  таълими ҳатмӣ берун монда буданд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва андешидани тадбирҳои зарурӣ 12 нафар хонандагон ба таълим ҷалб карда шуданд -меафзояд манбаъ.

Категорияхо:

Addthis: 

Амрико Тоҷикистонро манбаи қочоқи инсон гуфтааст

$
0
0

Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши нави солонаи қочоқи инсон Тоҷикистонро манбаъ ва ба андозаи кам макони қочоқ ва истисмори инсон унвон кардааст. Бино бар ин гузориш занону мардони тоҷик дар як соли гузашта дар Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва худи Тоҷикистон ҳадафи қочоқ ва истисмор қарор ёфта, шаҳрвандони Афғонистон ва Бангладеш дар ин кишвар қурбонии қочоқ шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар як соли гузашта 28 парвандаи қочоқро пажӯҳиш ва нисбати 22 маврид ҳукм баровардаанд, ки назар ба соли гузашта 3 парванда бештар аст. Бо ин ҳам Тоҷикистон ҳамоно дар феҳрасти дувум боқӣ мондааст.

Категорияхо:

Addthis: 

“Известия” худро шарманда кард

$
0
0

Роҳбари Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Русия гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон барои он забони русиро хуб намедонанд, ки бо ҳуруфи лотинӣ менависанд. 

Рӯзномаи “Известия”-и Русия дар матлабе аз нақли Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Русия навиштааст, дар Тоҷикистон алифбои лотинӣ истифода мешавад, аз ин рӯ онҷо забони русиро хуб намедонанд. “Масалан дар Тоҷикистон хеле поин будани мизони донистани забони русӣ бо он шарҳ дода мешавад, ки онҳо забони модарии худро бо лотинӣ меомӯзанд, на кирилӣ. Бар илова дар мактабҳо забони русӣ қариб омӯхта намешавад” Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон алифбои кирилӣ истифода мешавад, на лотинӣ. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Узбекистон аст, ки расман алифбои лотиниро истифода мебарад.

Категорияхо:

Addthis: 

Шарофзода: Зарурати маҷбуран омӯхтани хати ниёгонро намебинам

$
0
0

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ваистилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд кард, ки лозим намедонад,ки дар мактабҳо хати ниёгон тадрис шавад.

Ин нуктаро хонум Шарофзода имрӯз,зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш қайд кард.

Хонум Шарофзода ба суоле ки оё заруратнамедонад, ки омӯзиши хати ниёгон дар мактабҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шавад ва соатҳои он зиёд карда шавад,  посух дод, ки «Дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқ додашудааст, ки озодона хати ниёгон омӯзанд, барои ин ман лозим намедонам, ки чораҳои иловагӣ андешида шавад»

 

Addthis: 

Малоика омин нагуяд...

$
0
0

Муовини раиси “Барқи тоҷик” Даврон Исҳоқӣ  дуздӣ, фасодкорӣ ва изофанависиҳоро дар сохтори “Барқи тоҷик” тасдиқ кард. Исҳоқӣ, имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъйид кард, ки Агенитии  зидди фасод дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 6 миллион сомонӣ дуздию изофанависиҳоро ошкор кард. Ӯ илова намуд, ҳастанд кормандоне, ки бо фасодкорӣ ва дуздияшон номи ширкатро доғдор мекунанд: "Муборизаро бо ин зуҳурот пурӯр кардаем ва вақтҳои охир дуздию фасодкорӣ камтар шудааст”.

Ноиби раиси “Барқи тоҷик” яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз дуздиҳо дар ширкатро таъмини муштариён бо ҳисобкунакҳои кортӣ гуфт, ки тариқи пешпардохт ва дақиқ кор мекунанд.

Дар мавриди сарусадо, ки имкон дорад, то охири сол ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло равад, Даврон Исҳоқӣ таъкид намуд, ки ин дар салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон асту аз ҷониби “Барқи тоҷик” ҳеч пешниҳоде дар ин бора ироа нашудааст: “Ҳозир ҳеч пешниҳоде барои болоравии “Барқи тоҷик” вуҷуд надорад”.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” зимни нишасти матбуотӣ хостори суҳбатҳои камтар атрофи болоравии нархи барқ шуд, то нохост малоика омин нагӯянд ва нархи барқ боло равад.

 

Категорияхо:

Addthis: 

ДКМТ: 137-нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд

$
0
0

Ба иттилои ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон, Мухтор Фозилов Соли ҷорӣ Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистонро 365 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки аз онҳо 137 нафар тариқи буҷавӣ ва 228 нафар тариқи шартномавӣ мебошад. Зимнан он нафароне, ки тариқи буҷавӣ донишкадаро хатм намуданд дар 74 корхонаву муассисаҳо ба ҷойи кор таъмин гаштанд.

 Дар самти барқарор намудани ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кормандонӣ илмӣ-педагогӣ, мубодилаи донишҷӯён донишкада бо 25 муассисаҳои олии касбии хориҷӣ “Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг”-ро ба имзо расонидааст.

Категорияхо:

Addthis: 

Мусодираи 760 грамм героин дар Душанбе

$
0
0

Кормандони  милиса  дар  ҳангоми  амалиёти  фаврӣ  дар  ҳудуди шаҳри  Душанбе  сокини 20 - солаи  шаҳри  Кӯлобро  бо  гумони гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  боздошт  карданд. Мувофиқи хабари Вазорати  корҳои дохилии ҷумҳурӣ,  ҳангоми тафтиш  аз  шахси   гумонбаршуда 760  грамм героин  пайдо  ва  мусодира  карда шуд. Айни  замон нисбати гумонбаршуда  парвандаи  ҷиноӣ  боз гардида, тафтишот  идома  дорад.

Категорияхо:

Addthis: 

Президент ба Чин меравад

$
0
0

 

Эмомалӣ Раҳмон – президенти Тоҷикистон моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Чин меравад. Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод. Ӯ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаарёни сафараш ба Чин дар ҳамоише бахшида ба ҷанги дувуми ҷаҳонӣ иштирок мекунад. Сироҷиддин Аслов дар идома Чинро шарики иқтисодии Тоҷикистон донист ва гуфт, ки "ҳамкориҳо бо Чин барои рушди иқтисоди кишвари мо пураҳамият аст".

Addthis: 

Саркардаи фоҳишахона дастгир шуд

$
0
0

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир карда шуд. Гумонбаршуда рӯзи 26.07.с.2015 дар ҳуҷраи яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо кор мекард, барои алоқаи ҷинсӣ намудан, ба шаҳрвандон: марди 22-сола ва зани  29-солаи сокинони ш.Хуҷанд шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ гирифтааст.

Категорияхо:

Addthis: 

Марги ҷангиёни Давлати исломӣ шаҳодат нест

$
0
0

Иштирокдорони  ҳамоиши байнулмилалӣ, ки  дар Душанбе баргухзор гардид, зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ"эъломия қабул карда, гуфтаанд, ки ба ҳеч ваҷҳ марги аъзои онро шаҳодат ҳисобан мумкин нест.

Ин ҳамоиш  бо ҳузури рӯҳониёни шинохта аз Покистону Русия ва Қафқоз бо номи "Ислом зидди эктремизми динӣ ва терроризм"баргузор шуд, вале тоза матни он аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва вашну маросимҳои миллӣ расонаӣ гардид. Дар ин эъломия гуфта мешавад, "якдилона изҳор менамоем, ки зуҳуроти экстремизми динӣ ва терроризми байнулмилалӣ ба дини мубини Ислом ҳеч рабт надошта, баръакс, чунин хатарҳо боис ба бадномии ин дини пок мегарданд."Иштирокдорони ҳамоиш дар идома таъкид кардаанд, "аз ин рӯ, амалиёти ҷангҷӯёна ва террористии онҳо њаргиз ҷиҳоди исломӣ набуда, марги пайравони ин гурӯҳҳои ифротиро аз назари Ислом ҳаргиз шаҳодат номидан мумкин нест."

Addthis: 

Сармурабии “Истиқлол” иҷрокунандаи вазифа шуд

$
0
0

Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими  мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Эргашеви 41-сола тими мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Бозии наздиктарини тими миллии Тоҷикистон 8 сентябр дар Душанбе муқобили мунтахаби Австралия, ғолиби Ҷоми Осиё-2015, баргузор мешавад.

Мубин Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки чанд рӯз пеш, баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард. 

Бояд гуфт, ки Мубин Эргашев аллакай таҷрибаи кор дар мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳайси мураббии калон дар давраи солҳои 2008 то 2013 касб кардааст. Моҳи июни соли 2013 Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъин шуда буд. Он вақт таҳти раҳбарии ӯ мунтахаби кишвар як бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон анҷом додааст. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфта буд.

Мубин Эргашев имсол тавонист, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чаҳорякниҳоии ҶомиAFC (Конфедератияи футболи Осиё) барорад. "Истиқлол” муборизаро барои Ҷоми AFC идома медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук, ки муҷаввизи мураббигии дараҷаи «Pro» дорад, инчунин Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич, ки дар дастаи “Истиқлол” ёварони Эргашев мебошанд, дохил шудаанд.Ҳабибуллоев масъули кор бо дарвозабонҳо, мутахассиси сербиягӣ Лазаревич бошад, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.

Ёвари Мубин Эргашев дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон Роман Пилипчук» ҳамчун ҳамлагар дар дастаҳои «Динамо»-и Маскави Русия, «Металлург»-и Донетски Украина, инчунин дар се тими Исроил –бошгоҳҳои «Маккабӣ», ки Герслия, Нетания ва Петах-Тикваро намояндагӣ мекунанд, бозӣ кардааст.

Фаъолияти мураббигиаш дар дастаи «Металлург»-и Донетск шурӯъ шудааст. Вай дар ситоди мураббиёни бошгоҳҳои футболи Украина - «Кривбасс» ва «Заря» кор кардааст. Ӯ соли 2008 ёвари сармураббии «Шинник»-и Ярославл буд. Соли 2009 сармураббии дастаи «Дачия»-и Молдова, соли 2010 мурабби калони «Балтика»-и Калининград, дар мавсими солҳои 2011-2012мураббии «Динамо»-и Маскав, ёвари Сергей Силкин, буд. Соҳои 2012-2013дар вазифаи сармураббии «Олимпик»-и Донетск фаъолият дошт. Пеш аз ба Душанбе омадан Пилипчук дар бошгоҳи «Спартак»-и шаҳри Юрмалаи Латвия кор кардааст.

 

Addthis: 

Генерал Навҷувонов вафот кард

$
0
0

Генерал Мамадаёз Навҷувонов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, дирӯз дар Душанбе даргузаштааст. Ҷасади ӯро ба зодгоҳаш -деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон интиқол додаанд.

Мамадаёз Навҷувонов соли 1942 дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омад ва пас аз хидмати ҳарбӣ дар соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи Саратовро хатм кард. Соли 1979, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинград ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Дар ин ҷо аз фармондеҳи дастаи нерӯҳои корҳои дохилӣ то вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯравӣ расид. Давраи вазирии ӯ, солҳои 1989 – 1992 ба мушкилтарин марҳилаҳои Тоҷикистон, замони нооромиҳои сиёсӣ ва оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 рост омад. 

Номи Навҷувонов бештар дар робита бо оғози тазоҳуроти давомдор дар майдони "Шаҳидон"ёд мешавад. Баъд аз раисиҷумҳур интихоб шудани Раҳмон Набиев дар зимистони соли 1991, тарафдорони ӯ дар ҳукумат ба “поккорӣ”-и сар карданд ва пеш аз ҳама шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов ва вазири умури дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов, ки аз тарафдорони мухолифон ба шумор мерафтанд, ҳадаф қарор гирифтанд.

Дар ҳоле ки додситони кулли вақт Нурулло Ҳувайдуллоев ҳабси Икромовро дар толори парлумон талаб кард, раиси вақти парлумон Сафаралӣ Кенҷаев зидди Мамадаёз Навҷувонов маърака сохт ва ӯро ба хатоҳои зиёд айбдор намуд. Ин баҳс, ки ҳамчунин тобиши таҳқиромезе нисбат ба Навҷувонов дошт, дар телевизион намоиш дода шуд ва даҳҳо нафар аз ҷавонони бадахширо ба майдони тазоҳурот кашонд.

Дертар ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ ба он пайвастанд ва чанде баъд дар майдони "Озодӣ"муқобилони ин тазоҳурот гирд омаданд ва рӯёрӯӣ оқибат ба ҷанги дохилӣ расонд.

Дар соли 1989 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрде ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам рехт ва соли 1992 ҷанги дохилӣ оғоз гирифт. Дар тобистони соли 1992, баъд аз шурӯи даргириҳо дар водии Вахш Мамадаёз Навҷувонов нахустин гуфтушуниди тарафҳоро дар Хоруғ созмон дод ва дар ин ҷо протоколи оташбас ва халъи силоҳ ба имзо расид, аммо татбиқ нагашт.

Дар давраи ҷанги дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов асосан дар Бадахшон умр  ба сар бурд ва танҳо соли 1998 ба Душанбе баргашт. 

 

Addthis: 

«Барқи тоҷик» аз қарзҳояш ҳарф мезанад

$
0
0

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳаҷми қарзашро беш аз як миллиард сомонӣ мегӯяд.Даврон Исҳоқӣ, муовини раиси ин ширкат дар нишасти матбуотии рӯзи 28 июл бо таъкиди ин рақам гуфт, аз ҷумла “Барқи тоҷик”аз нерӯгоҳи “Сангтуда- 1” -- 497 миллион ва аз НБО “Сангтуда - 2” -- 260 миллион сомонӣ қарздор аст. Ӯ афзуд, талош хоҳанд кард дар доираи созишномаи басташуда бо ин нерӯгоҳҳо қарзашонро марҳила ба марҳила пардохт намоянд.

Исҳоқӣ дар идома гуфтааст, ки  муштариён низ аз “Барқи тоҷик” беш аз миллиард сомонӣ қарздоранд ва агар ин маблағҳо баргардонида шавад, онҳо низ имкон пайдо мекунанд, қарзҳои худро ба дигар ширкатҳо пардохт кунанд. Даврон Исҳоқӣ мегӯяд, аз як миллиарду 157 миллион сомоние, ки муштариён аз онҳо қарздоранд, беш аз 500 миллион сомонияш ба аҳолӣ рост меояд: “Дар 6 моҳи соли равон қарзи аҳолӣ дар назди “Барқи тоҷик” 74,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи аҳолӣ аз ширкат дар маҷмӯз аз солҳои пеш то имрӯз 504 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нисбати қарзҳои соли пеш кор бурда истодаем, меомӯзем, ҳисобу китоб мекунем, ки кӣ чӣ миқдор қарздор аст”.

Муовини раиси “Барқи тоҷик” иброз дошт, яке аз қарздорҳои калонтарин дар назди ширкат, корхонаҳои пойгоҳҳои обкашонӣ, аз ҷумла Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад. Ба қавли ҷаноби Исҳоқӣ, дар 6 моҳи аввали соли равон корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 13,8 миллион сомонӣ нерӯи барқро истифода намуда, пардохти онро ҳамагӣ ба маблағи як миллион сомонӣ таъмин намудаанд.

Категорияхо:

Addthis: 

Муовинони Убайдуллоев вазифадор шуданд ки…

$
0
0

Мутобиќ ба иљрои муќаррароти Ќарори марбутаи Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе аз 23 июли соли 2015 «Дар бораи Њисоботи муовини Раиси шањри Душанбе Шўњрат Маќсудзода оид ба натиљањои  рушди иљтимоию иќтисодї дар шањри Душанбе дар моњњои январ-июни соли 2015 ва вазифањо барои нимсолаи дуюми соли равон» тањлилу натиљагирињои амиќ бобати љамъбасти рушди иќтисодию иљтимої  дар нимсолаи аввали соли љорї бо иштироки роњбарони субъектњои соњибкорию хољагидории шањр тањти раёсати бевоситаи Раиси шањр 27 июли соли 2015 љаласаи ихтисосї  дар маљлисгоњи шањрдорї баргузор гардид.

Дар он  Мањмадсаид Убайдуллоев новобаста аз мушкилотњои љойдошта, ба истиснои љамъоварии андози иљтимої асосан таъмин гардидани нишондодњои барномавии рушди иќтисодию иљтимоии шањр дар нимсолаи аввали соли љорї, бо ироа доштани дастуру њидоятњо аз роњбарони  субъектњои соњибкорию хољагидории шањр даъват ба миён овард, ки истењсоли мањсулоти раќобатпазиру бозгўи талаботи бозори дохилї ва ба содирот нигароншударо беш аз њарваќта вусъат бахшанд.

Бо инобати ин муовинони Раиси шањр Шакарбек Самадов, Шуњрат Маќсудзода ва раисони ноњияњоро вазифадор кард, ки сабабњои аз кор мондани баъзе корхонањоро муайян намуда, бањри аз нав ба фаъолият шурўъ намудани онњо тадбирњои зарурї андешанд.

Дар як ваќт, аз њамаи сохторњои дахлдор талаб намуд, ки барои њимояи манфиатњои иљтимоии кормандони корхонањои муваќќатан аз фаъолият бозмонда  ва дигар корхонањое, ки кормандонашонро ба рухсатии бемузд љавоб додаанд  ё шумораи назарраси онњоро ихтисор намудаанд, дар доираи талаботи ќонунгузории амалкунанда тадбирњои зарурї андешанд ва Иттифоќњои касаба низ набояд аз ин раванд канораљўї намоянд.

Њамзамон таъкид сохт, ки дар низоми феълии  муносибатњои истењсолї њарчи зудтар ба кор андохтани иќтидорњои нави саноатї, таљдиду барќарорсозии корхонањои мављуда, ташаккули самтњои нави истењсолию саноатї дар заминаи истифодаи технологияњои муосир ва бунёди иншооти инфрасохтори зарурї аз вазифањои аввалиндараљаи соњибмулкони  корхонањои саноатї мебошад.

Зикр гардид, ки  то њол имконияту захирањое мављуданд, ки метавонанд ба рушди саноати мањаллї такони љиддї бахшанд. Яке аз роњњои самарабахш ин ташаккул ва њавасмандгардонии талаботи бозори дохилию рушди истењсоли воридотивазкунанда ва ба роњ мондани кооператсияи корхонањои дўзандагї бо истењсолкунандагони матоъњо дар шањр мебошад. Дар ин самт љорї намудани либоси ягона барои кормандони соњаи савдою хизматрасонї ва наќлиёт, ташкили ярмаркаи либоси мактабї, ки дар моњи август ба наќша гирифта шудааст, дар ќатори чорабинињои ба дастгирии истењсолоти дохилї равонагардида бе таъсир нахоњад буд. 

Аз ин рў,  муовинони соњавии Раиси шањр муваззаф карда шуданд, ки дар њамбастагї бо  роњбарони корхонањои соњаи саноати сабук  ва мутахассисони соња  то охири соли 2015 лоињаи барномаи Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе оид ба рушди соњаи саноати сабук дар шањри Душанберо барои солњои 2016-2017  тањия ва пешнињод намоянд.

Њамзамон муќаррар сохт, ки бањри мукаммал ва њамоњангсозии татбиќи барномањои иќтисодї, инчунин мусоидат дар њалли монеањои бюрократии баррасии њуљљатњои ибтикоротии молистењсолкунандагон ва сохторњои хизматрасон њар ду њафта дар сатњи раисони ноњияњо ва моње як маротиба дар сатњи Раиси шањр бо иштироки зикршудагон ва соњибкорон љаласањои ихтисосї доир карда мешавад.

Дар ин росто, таъкид дошт, ки шањрдорї дар фазои «Соли соњибкории истењсолї ва иќдомоти креативї» минбаъд низ бањри дастгирии соњибкории истењсолї бо садоќат ба мароми созандаи хеш бањри зарурати истењсолї ва ќонеъ намудани ниёзњои муљањњазсозии ташкилотњои аз буљети шањр маблаѓгузоришаванда хариди молу мањсулотро љињати дастгирии соњибкории ватанї аз корхонањои истењсолии шањрї идома медињад.

Инчунин дар љаласа Мањмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки яке аз масъалањои њалталаб ин бо бањисобгирии воќеии оморї фаро гирифтани субъектњои истењсолию хизматрасонї бањри  андозбандию фаъолияти тиљоратии корхонањо, кам кардани карзњои дебиторї, љамъоварии маблаѓи нерўи барќи истифодашуда, боз њам хубтар ва бо сифат таъмин намудани ањолии шањр бо нерўи барќ ва омадагї ба мавсими тирамоњу зимистони солњои 2015 – 2016 мебошад.

Ба муовини якуми Раиси шањр Ашўрбег Расулов дастур гардид, ки тањлили њамаљонибаи нишондодњои ташкилотњои пудратиро бањри таъмини самаранокии фаъолияташон ба роњ монад, зеро њаљми маблаѓгузорї ба сармояи асосї нисбати нимсолаи соли гузашта танњо аз њисоби соњибкорони инфиродї ва сармоягузорони хориљї беш аз 391,81 млн. сомонї афзудааст.

Дар љаласа зимни баррасии масоили  соњаи комуналию муњандисї  роњбарияти КВД «Обу корези Душанбе» вазифадор карда шуд, тањти назорати ќатъии муовини якуми Раиси шањр Ашурбег Расулов бобати татбиќи пурраву сифатнок ва сариваќтии Лоињаи дуюми обтаъминкунии шањри Душанбе чорањои таъхирнопазир андешида, њамзамон наќшаи тадбирњои фавриро вобаста ба кам намудани талафоти оби ошомиданї тањия ва мавриди иљро ќарор дињад.

Бо инобати татбиќи фаъоли Наќшаи генералии шањри Душанбе ва бо маќсади зебову муосир гардонидани симои кўчаву хиёбонњо, роњбарияти Муассисаи давлатии “Равшании Душанбешањр” муваззаф шуд, ки дар њамбастагї бо муовини Раиси шањри Душанбе Шакарбек Самадов лоињаи намунавиро оид ба азнавсозии системаи равшанидињї бо истифодабарии технологияњои муосири љањонї дар доираи омодагињо барои истиќболи 25-солагии Истиќлолияти давлатї тањия ва ба шањрдорї пешнињод намояд.

Њамзамон, Мањмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки мавсими гармидињии гузашта камбудињои зиёдеро дар фаъолияти Муассисаи шабакањои гармидињандаи шањри Душанбе ошкор намуд, ки бартарфсозии онњо чораљўии фаврї ва мушаххасро таќозо менамояд. Ин дар навбати аввал масъалаи ба тариќи пурра ќабул намудани нерўи гармии истењсолгардида бо инобати талафоти меъёрї ба истеъмолкунандагон интиќол додани он мебошад.

Бо инобати дар мавсими гармидињии дарпешистода афзуншавии истењсоли нерўи гармї ва пешбинї гардидани фаъолияти дегхонаи “Ѓарбї”, ба директори Муассисаи шабакаи гармидињандаи шањри Душанбе Аъзам Табаров дастур дода шуд, ки тањти масъулияти шахсї дар якљоягї бо раисони ноњияњои шањри Душанбе ва зери назорати муовини Раиси шањри Душанбе Шакарбек Самадов омодасозии њамаљонибаи биноњои таъиноташон гуногуни барои ќабули гармї пешбинишударо  таъмин намоянд. 

Ба Раёсати рушди иќтисод ва савдои Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе, Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шањри Душанбе, Кумитаи идораи замини шањри Душанбе, Раёсати њифзи муњити зисти шањри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шањри Душанбе дастур дода шуд, ки якљоя бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ноњияњои шањри Душанбе тибќи муқаррароти қонунгузорї бартараф намудани њамагуна дўкону хайма ва иншоотњои бо мақсади савдо, хизматрасонии маишї ва хўроки умумї худсарона ва бидуни риояи талаботи қонунгузории амалкунанда ва меъёрњои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологї ва оташнишонї  бунёд гардидаро таъмин намуда, аз натиљааш њар моњ ба Раиси шањри Душанбе маълумот манзур намоянд.

Њамзамон дар љаласа муќаррар карда шуд, ки минбаъд њангоми дар њудуди бозорњо, марказњои савдо, маѓоза ва дигар иншоотњои истењсолию тиљоратї ошкор гардидани њолатњои фаъолияти соњибкории ѓайрирасмї ё риоя нагардидани талаботу муќаррароти ќонунгузории амалкунанда ва меъёрњои истифодабарии замин, сохтмон, бехатарии санитарию эпидемиологї ва оташнишонї нисбати роњбарону соњибмулкони онњо љазои маъмурї татбиќ мегардад.    

Вобаста ба маќсаднок роњандозии истифодаву ба иљорадињии моликияти коммуналї дар љаласа дастур гашт, ки Раёсати сармоягузорї ва идораи амволи давлатии шањри Душанбе дар муњлати се моњ реестри ягонаи баќайдигирии воќеии моликияти коммуналиро ба роњ монад.

 Инчунин, таваљљуњи Раёсати андози  шањри  Душанбе,  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Љумҳурии Тољикистон дар шаҳри Душанбе,  мақомотњои иљроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  ноњияњои шаҳри Душанбе, раисони мањаллањо, шањрак ва ширкатњои соњибмулкони манзил  барои  муайян намудани њолатњои  фаъолияти ѓайрирасмии соњибкорї,  ба иљора супоридани нуќтањои савдо, хизматрасонии маишї, хўроки умумї ва корхонаю коргоњњои истењсолї, њавлию квартирањои  истиќоматї  ва бо андозбандї фаро гирифтани чунин намуди фаъолияти иќтисодї нигаронида шуда, вазифадор карда шуданд, ки дар ин самт якљоя љораљўї намуда, аз натиљааш  ҳар моҳ  ба Раиси  шањри  Душанбе маълумот манзур намоянд.

Дар љаласа њамзамон аз љониби Раиси шањр масъалаи таъсиси љойњои нави корї, аз љумла дар заминаи рушди саноати дастї ва чеварию кадбонугї дар њудуди шањраку мањаллањо бо шуѓли доимї фаро гирифтани занону духтарон мавриди бознигарї ќарор гирифт. Дар иртибот ба ин раисони ноњияњо муваззаф карда шуданд, ки дар муњлати се моњ, бо такя ба зарфиятњои занону љавондухтарони соњибмалакаи дар ин љода ихтисосу таљрибадошта, дар миќёси 302 маќомоти худфаъолияти љамъиятї дар њар кадоме на кам аз 10 љойњои шуѓли доимї таъсис дињанд.

Дар љаласа зимни тањлилњои амиќ Раиси шањр аз нигањдошт ва сифати ѓизои ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатњо, хонаи кўдакон ва муассисањои томактабии шањр пешнињодшаванда изњори нигаронї намуда, бо љалби таваљљўњи муовини Раиси шањр Љамила Лангариева ба ин масъала, аз прокуратураи шањр даъват ба миён овард, ки њолати таъминот бо маводи сифатноки ѓизої ва дастрасии онро ба тарбиятгирандагон  дар муассисањои зикршуда мавриди санљиш ќарор дињад. 

Зимни натиљагирї аз фаъолияти сохторњои масъули назорати давлатии санитарию эпидемиологї ва њифзи муњити шањр Мањмадсаид Убайдуллоев фаъолияти њар кадомеро нокифоя арзёбї карда, барои ислоњи вазъ ва пурзўр намудани назорати касбї аз рўи хизматрасонии сохторњои масъули  ноњиявї  як моњ муњлат муќаррар намуд.

Њамзамон бањри бењдошти вазъ, ба рељаи кории муовинони соњавии  Раиси шањр ва раисони ноњияњо таѓйирот ворид намуда, шуруъ аз 29 июли соли 2015 фаъолияташонро бо љалби ањли љамоатчигї дар самти нигањдории таъинотии њолати санитарї ва поксозии каналу селпартоњои марзгузари ноњияњо муайян намуд.

Дар ин зимн, идома ба тадбирњои роњандозишуда оид ба таъмини њолати санитарию эпидемиологї, ташаккулу риояи фарњанги шањрнишинию шањрдорї  ва пурзўр намудани чорањои љаримабандї ба хилофкорони Ќоидањои тартиботи љамъиятї, санитарї ва ободонї дар шањри Душанбе, муќаррар сохт, ки  шуруъ аз 29 июли соли 2015 муттасил дар назди 1116 нуќтањои партовљамъкунии шањраку мањаллањо, бо насби камерањои мушоњидавї аз соати 05 то 20, дар се бахши панљсоата, мутаносибан навбатдории кормандони раёсатњои истифодабарии роњњои ноњияњо, масъулини сохторњои шањрию ноњиявї ва маќомоти худфаъолияти љамъиятї љорї карда шавад.

Идома бар он, дар љаласа аз љониби Раиси шањр бањри тавсеаи фаъолияти хољагидории муовинони Раиси шањр ва ноњияњо дар љойњо, таќвими ќабули шањрвандон аз тарафи онњо дар утоќњои корї ихтисор гардида, ќабули  шањрвандон дар рузњои шанбе танњо аз љониби Раиси шањр аз соати 8 то 13 ва раисони ноњияњо аз соати 9 то 13 муќаррар карда шуд. 

Инчунин дар љаласа дастур фармуд, ки аз панљшанбеи аввали моњи августи соли љорї  ба идомаи баргузории Рўзњои шањр дар шањраку мањаллањои ноњияњои он бо иштироки роњбарияти шањр оѓоз карда шавад.

Њамзамон зикр гардид, ки шањрвандон имкон доранд дар рўзњои корї оид ба масъалањои худ  арзу дархостњояшонро ба шўъбаи  мурољиат ва ќабули шањрвандони дастгоњи Раиси шањри Душанбе ва бо истифода аз технологияњои иттилоотию коммуникатсионии фароњамовардаи шањрдорї њамарўза, бевосита тавассути почтаи электронии duhsane80@yahoo.com, сомонањои www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tjwww.bemiyonaravho.tj       ё худ сомонањои иљтимоии Фейсбук, Твиттер ва Мой мир унвонии Раиси шањр иросол намоянд.

 

Категорияхо:

Addthis: 

Президент дар Шуғнон

$
0
0

Тавре, ки хабарнигори мо аз ноҳияи Шуғнон хабар дод, айни замон Президенти кишвар дар ин ноҳияи  вилояти Бадахшон қарор дорад ва  пас аз пазироии самимонаи сокинон ин субҳ лентаи рамзии Қасри фарҳанги навро  бурид.

Президент бо сокинони ноҳия  вохӯрд ва шуғнониҳо ба Роҳбари давлат аз мушкилоту муваффақиятҳо худ ҳарф зада, ба ӯ барои ғамхориҳои доимиаш изҳори сипос намуданд. Хусусан мардум аз бозсозии роҳи Бартанг изҳори хурсандӣ намуда,  ба Роҳбари Давлат ваъда доданд, ки  паи ободии минбаъдаи кишвар хоҳанд шуд. Сипас Эмомалӣ Раҳмон  корхонаи ордбароро дар Шуғнон боз намуд,  ки сеюмин корхона аз ҷиҳати таъмини истеҳсолот бо таҷҳизоти компютерӣ аст. Дар ин корхона 30 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд ва иқтидори истеҳсоли он 60 тонна дар як шабонарӯз мебошад.

Тавре, ки қаблан хабар дода будем, дар минтақаи Бартем, наздикии деҳаи Сучон, селе ки рӯзи 17 июл фаромад,  кӯҳпораеро канда  садди роҳи оби дарё шуда буд. Ҳоло Президент дар ин минтақаи офатзада  ҳузур дорад ва  барои бартараф намудани ин садд маслиҳатҳо дода, супориш дод, ки ҳарчи тезтар оқибати ин офати табии бартараф карда шавад.

Тафсилоти минбаъдаро аз идомаи сафари Роҳбари Давлат дар ҳамин ҷо хонед.    

Addthis: 

Низом Ҳакимов: Гарон шудани роҳкиро ҳанӯз дақиқ нест

$
0
0

Муовини раиси шаҳри Душанбе Низом Ҳакимов,  имруз, дар нишасти хабарии шаҳри Душанбе гуфт, ки боло рафтани арзиши роҳкиро ҳанӯз дақиқ нест. Номбурда  афзуд,  ки ҳоло ин маъала дар ҳоли омузиш аст ва онҳо сари ин масъала борҳо бо мақомоти зидиинҳисорӣ гуфтугӯ кардаанд..

Ахиран Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дод, ки муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” хостори баланд бардоштани арзиши роҳкиро дар пойтахт шудааст.

 “Душанбенақлиётхадамотрасон” пешниҳод кардааст, ки ҳаққи роҳкиро дар Душанбе то 14-15 фисад, баланд бардошта шавад ва сабаби онро гарон шудани қисмҳои эҳтиётӣ ва фарсуда шудани мусофиркашҳову ниёз ба таъмир доштани онҳо арзёбӣ кардааст. 
Аз тобистони соли 2011 ҳаққи роҳкиро бо қарори шаҳрдорӣ 1,6 сомонӣ муайян шудааст.  
Ёдовар мешавем, ки  тасмими ниҳоиро барои боло бурдани арзиши роҳкиро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегирад. 

Категорияхо:

Addthis: 

Ҷовид Муқим: Агар нархи барқ боло равад…

$
0
0

Ба иттилои  расонаҳо тӯли соли равон нархи 1 кВт. соат барқ барои аҳолӣ 12 фоиз афзуда, аз 12,6 дирами имрӯза ба 14 дирам мерасад. Аз рӯйи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон нархи солонаи болоравии тарофаи барқ барои аҳолӣ дар соли 2015 - 12 фоиз ва дар соли 2016 – 7,1 фоиз дар назар аст.Дар бораи афзоиши нархи барқ барои шахсони ҳуқуқӣ ҳоло маълумоте нест. Вале агар нархи барқ барои аҳолӣ зиёд шавад, ҳатман тарофаи барқ барои ташкилоту корхонаҳо низ боло хоҳад рафт.

Феълан дар бораи афзоиши тарофаи барқ мақомоти расмӣ чизе намегӯяд, вале агар Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон болоравии нархро ба нақша гирифта бошад, ҳатман он сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки аз 1-уми сентябри соли равон музди меҳнати мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ- 15 фоиз, маоши кормандони соҳаи маориф, варзиш, тандурустӣ - 20 фоиз, маоши кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ - 25 фоиз зиёд карда мешавад.  Инчунин, ҳадди нафақа ба ҳисоби миёна то 20 фоиз ва идрорпулӣ 30 дарсад зиёд карда мешавад. Музди меҳнати ҳадди ақал аз 1-уми сентябри соли равон дар кишвар 60 фоиз  афзуда, аз 250 то ба 400 сомонӣ расонда мешавад.

Ҳоло барои амалӣ кардани ин иқдом аз рӯйи маълумоти расмӣ аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ лозим аст. Албатта, барои пайдо кардани маблағи мазкур ҳукумат чораҳои гуногун меандешад. Боло бурдани нархи барқ ҳам шояд ба ин иртибот гирад. Ногуфта намонад, ки аз 1-уми июл Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қимати иҷораи рақамҳои телефонро барои ширкатҳои алоқаи мобилӣ боло бурд ва акнун ин ширкатҳо ҳар моҳ аз муштариёнашон барои як рақам 80 дирам муфт меситонанд. 

Моҳи июн дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории нафтӣ камаш 10 дарсад афзуд, ки ин ҳам ба болоравии нархи маҳсулот ва хизматрасонӣ боис гардид.

Қобили зикр аст, ки боло рафтани нархи барқ низ ба боло рафтани нархи маҳсулоту хизматрасонӣ мусоидат мекунад, зеро он харҷи молистеҳсолкунандагону хизматрасонҳоро меафзояд. Ин дар навбати худ қурби сомониро коҳиш медиҳад. Бо боло рафтани нархҳои бозор қобилияти харидории мардум низ паст мешавад.  Зеро афзоиши маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва нафақахӯрон аз 15 то 25 фоиз дар моҳи сентябр ҳамагӣ ба 50-100 сомонӣ баробар аст. Ин маблағ дар баробари болоравии нархҳо тӯли ду соли охир ночиз боқӣ мемонад.

Пӯшида нест, ки некӯаҳволии мардуми кишвар аз бисёр ҷиҳат аз маблағи муҳоҷиронӣ меҳнатӣ вобаста аст. Дар Тоҷикистон шояд оилаи камбизоате нест, ки яке аз фарзандон ё саробони хона дар муҳоҷирати меҳнатӣ набошад. Имрӯз ҳатто занону духтарон дар Русия муздурӣ мекунанд. Маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки то андозае қурби сомониро устувор нигоҳ дошта истодааст. Тибқи маълумоти расмӣ соли 2013 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 4 миллиарду 200 миллион доллар фиристоданд.  Соли 2014 аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатӣ, ки дар хориҷ аз кишвар, махсусан дар Русия кор мекунанд, ба ҷумҳурӣ 3 миллиарду 800 миллион доллар ворид шудааст. Соли равон бошад, тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ ин рақам боз ҳам коҳиш ёфта, то ба 2,7 миллиард доллар мерасад. Албатта, то охири сол наметавон дақиқ ҳаҷми ин маблағро гуфт, вале мантиқан маълум аст, ки он кам мешавад. Таҳримҳое, ки Амрико ва мамолики аврупоӣ алайҳи Русия ҷорӣ карданд, вазъи иқтисодии ин кишварро бад карданд, ҷойи корӣ ва маош кам шуд ва ин ба даромади муҳоҷирон таъсири манфӣ расонд. Ин дар навбати худ ба ҳаҷми гардиш маблағу мол дар бозори дохилаи Тоҷикистон таъсири бевосита мерасонад. Зеро маблағи муҳоҷирон умдатан барои ғизо ва либос масраф мешавад. Бино ба гузориши Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (8 апрели 2015) 83 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирини корӣ эҳтиёҷманданд. Дар ҳамин ҳол маблағе, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ворид мешавад, 86 дарсади аҳолии ин кишвар онро зуд харҷ намуда, пасандоз намекунанд. Яъне бо кам шудани маблағи фиристодаи муҳоҷирон қобилияти харидории аҳолӣ паст мешавад. Дар бозорҳои кишвар паст рафтани савдо аллакай мушоҳида мешавад. Агар вориди бозор шавед, аҳён-аҳён харидорро мебинед. Фурӯшандаҳо бошанд, аз бекорӣ пашша «киш» гуфта нишастаанд. 

Воқеан, ба маблағи муҳоҷирон набояд умед баст. Аз муносибати ҳукуматдорони Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик маълум аст, ки сол ба сол дар ин кишвар кор кардани онҳо мушкил шуда истодааст.

 Барои он ки буҷаи давлатӣ ғанӣ ва сатҳи зиндагии мардум беҳ гардад, бояд дар навбати аввал истеҳсоли маҳсулоти ватаниро ба роҳ монда, мардумро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин кардан лозим аст.  Тибқи маълумоти расмӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дар ҷумҳурӣ соли гузашта қариб 46 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин маблағ ба ҳар як сари аҳолӣ ниҳоят кам буда, дар аввали сол ба 1000 доллар баробар буд (ҳоло он 820 доллар мешавад). Масалан, ин нишондиҳанда дар Қазоқистон 14 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар Қирғизистони ҳамсоя, ки шароиташ ба мо наздик мебошад, ин рақам аз 2 ҳазор доллар бештар аст. Пешравии кишвар дар дасти худи мост. Бинобар ин, боз такрор мекунам, ки ҳамаи маблағу нерӯ бояд барои сохтани корхонаҳои саноатӣ ва ба роҳ мондани истеҳсолоту рушди он равона карда шавад. Вагарна ҳамин тавр кишвари қафомонда боқӣ хоҳем монд.

Ҷовид МУҚИМ,

журналист

Категорияхо:

Addthis: 

Муноқишаи аскарони рус дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо ҷавонони кӯлобӣ

$
0
0

Дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, ки  ҳодисаи занозании байни аскарони рус ва ҷавонони маҳаллӣ  cоатҳои 8 ба 9 –и шаби 28 июл дар ҳоле рух дод, ки ҳудудан 7 тан аз афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб дар ҳолати мастӣ ва нимбараҳна ба кӯча баромаданд ва ин хашми ҷавононро барангехт.

Ба таъкиди ин манбаъ, сарбозони рус дар наздикии пойгоҳ, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки маркази шаҳри Кӯлоб аст, бо ҷавонони маҳаллӣ вориди муноқиша шуданд ва бо ҳам занозанӣ карданд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ин ҳодиса ҳарду тараф низ захм бардоштаанд. Ин манбаъ мегуяд, вақте, ки занозанӣ сар шуд, чандин аскари дигари пойгоҳ ба кӯмаки ҳамтоҳои худ шитофтанд ва агар ходимони пулис ба ҳодиса дахолат намекарданд, ҷанҷол метавонист густарда шавад.   Ҳарчанд ин манбаъ шумораи ҷароҳатбардоштагонро эълон накард, аммо нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқи ҷараён дорад.

Ҷамшед, як ҷавони маҳаллӣ гуфтааст,ки  соатҳои 20, вақте аз хиёбони Исмоили Сомонӣ мегузашт,  шоҳиди ин занзанӣ шуд. "Чандин афсари руси маст ва бо тагпӯш (турсику майка) ба хиёбони марказии шаҳри Кӯлоб баромада, доду вой карданд. Онҳо ба самти бозори шаҳр раҳсипор шуданд, ки бо ҷавонони маҳаллӣ рӯ ба рӯ шуданд, Ҷавонҳо аз афсарони рус хоҳиш карданд, ки ба пойгоҳашон баргарданд ва бо ин ҳолати мастӣ ва бараҳнагӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Кӯлоб нагарданд. Аммо онҳо ба ҳарфи ҷавонон гӯш накарданд ва хархаша карданд, ки дар натиҷа ба занозанӣ анҷомид. Ҳатто чанд тани дигар аз афсарон аз пойгоҳи Русия низ ба кӯмаки ҳамтоёнашон омаданд. Милисаҳо  аз ин ҳодиса бохабар шуда  омада онҳоро аз ҳам ҷудо карданд”- гуфтааст шоҳиди ҳодиса.Ба гуфтаи ин ҷавон дар пайи ин занозани ҳам афсарон ва ҳам ҷавонони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ҳанӯз ҷониби пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба моҷарои шаби гузашта дар шаҳри Кӯлоб изҳори назар накардааст.

Зимнан, ин  бори аввал нест, ки низомиёни рус дар шаҳри Кӯлоб бетартибӣ мекунанд ва оромии сокинони ин шаҳрро ба ҳам мезананд. Дар гузашта низ аз наҳваи гашту гузори низомиёни рус борҳо шикоят шуда буд ва гуфта мешуд, ки онҳо дар ҳолати мастӣ бо сокинон афту дарафт мекунанд.

Addthis: 

Президент бинои истиқоматии кормандони ШКД-и Хоруғро ба истифода дод

$
0
0

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматӣ барои кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии  шаҳри Хоруғро ба истифода дод.  

Ҳамчунин, Президенти мамлакат дар маркази шаҳри Хоруғ бинои нави мактаби замонавиро, ки  барои 1280 нафар хонананда пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дод. Сипас, хишти аввали сохтмони бинои Театри драмавии шаҳри Хоруғро асос гузошт. Бинои театр соҳиби 500 ҷойи нишаст буда, ба тамоми талаботи муосир ва санъати меъморӣ ҷавобгӯ сохта мешавад.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи бинои театр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои мукаммал кардани лоиҳа ва бунёди он дар муҳлати се сол супориш дод.

Президенти мамлакат  дастур дод, ки дар бунёди театр хусусиятҳои хоси Театри миллии ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шавад. Баъди гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва сокинони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин тӯҳфаи арзандаи Сарвари давлат на танҳо ба аҳли ҳунар, балки барои кулли сокинони вилоят мебошад.

Ба кормандони театр Президенти мамлакат  дастур дод, ки аз ҳозир барои дар рӯзи ифтитоҳи ин маркази фарҳангӣ баҳри тамошобинон намоишномаҳои пурмазмун таҳия намоянд.

Худи ҳамин рӯз Президенти кишвар  бинои истиқоматии 3 ошёнаро, ки барои кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ  сохта шудааст, лентаи рамзиро  бурида, ба истифода дод. Ин бинои муосир ба намои  шаҳри Хоруғ  ҳусни нав зам карда, барои истиқоматкунандагон тамоми шароити зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон тӯли чанд рӯз аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон қарор дошта,  чандини иншооти таъиноташ гуногунро мавриди истифода қарор медиҳад. 

Категорияхо:

Addthis: 
Viewing all 1838 articles
Browse latest View live


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>