
Дар сомони Радиои Фардо матлабе дар хусуси вазъияти духтарони Афғонистон пас аз издивоҷ нашр шудааст, ки мушкилоти он дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам ҷой дорад. Барои рушан шудани ин мушкилот бахше аз ин матлабро хатгардон карда, дар ихтиёри хонандагон қарор медиҳем.
"Суннатҳои қадимии ҷомеъаи Афғонистон ҳукм мекунад, ки арус бояд бокира бошад ва ё бакорати ӯ бояд собит шавад.
Як зани Афғонистон ба шарте, ки номи ӯ фош нашавад, дар мусоҳибае бо бахши афғонистонии радиои аврупои озод/ радиои Озодӣ, гуфт ҳанӯз ҳам дар бархе аз манотиқи кишварт ин суннат ҳоким аст, ки хонаводаи домод фардои шаби арусӣ барои исботи бокира будани арус бояд лакаҳои хунро дар рахти хоби арусу домод бибинанд. Ҳатто муттаҳам шудани як духтар ба доштани равобити ҷинсии қабл аз издивоҷ авоқиби ногуворе дорад. Дар бисёре аз маворид хонаводаи домод дар ивази пас фиристодани арусе, ки бакорати ӯ "садама дида"аз хонаводааш мехоҳанд, ки духтари дигарашонро ба унвон хисорат ба онҳо бидиҳад. Духтароне, ки бакорат набошанд, ба ҷурми доштани равобити "номашруъ"ҳатто мумкин аст зиндонӣ шаванд ва гузоришҳои фаровоне аз озор ва суйистифода аз ин духтарон мунташир шудааст.
Як зани афғон мегӯяд:"дДар бархе маворид гӯшҳо ё бинии арусро мебуранд. Либосҳои жанда ва касиф ба тани онҳо мепушонанд ва ба хонаи волидайнашон мефиристанд. Мӯйҳои онҳоро аз бех метарошанд. Ба хонаводааш мегӯянд, ки арус бокира набуда. Гоҳе авқот арусро мекушанд ва ҷасадашро барои хонаводааш мефирситанд."Ин мавзӯъ дар Афғонистон табу аст ва касе дар мавриди он суҳбат намекунад Аммо иҷрои муҷозотҳои аланӣ(ошкоро) ва хушунатбор дар мавриди духтароне, ки ба доштани равобити ҷинсии қабл аз издивоқ муттаҳам шудаанд, ахиран ин мавзӯъро дар афкори умумӣ матраҳ кардааст".
Ин қазия дар Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳам хеле аз оилаҳо бо сабаби ин мушкилот аз ҳам ҷудо мешаванд.
Манбаъ:http://www.radiofarda.com