
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали рӯзи 20 декабр барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои СПАД ба Маскав рафт. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣЭркинхон Раҳматуллозода, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои Дафтари котиботи матбуотии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, дар нишасти Маскав масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Охирин нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он руасои ҷумҳури Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Дар он нишаст раҳбарии даврии ин паймони низомӣ аз Тоҷикистон ва Арманистон вогузор шуда буд.