
Дар нишасти соланаи матбуотии худ Путин гуфт, умедвори коҳиши таниши муносибати Русияю Туркия нест.
Валадимир Путин, ки дар нишасти матбуотиаш, ки беш аз 3 соат давом дошт, сиёсати хориҷии Туркия дар қиболи Русияро ба боди интиқод кашида гуфт, то замоне, ки роҳбарони ҳозираи ин кишвар дар сари қудрат ҳастанд, равобити Русия бо Туркия беҳ нахоҳад шуд.
Путин аз суқути ҷангандаи Русия аз ҷониби Туркия ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин амал бар зарари манофеи Туркия тамом мешавад. "Русия омода буд масоили мавриди назари Туркияро мадди назар қарор диҳад, аммо Туркия ба ҷои он ки ба тавзеҳи иқдоми худаш пардозад, билофосила ба НАТО пайваст".
Ӯ аз амалкарди Туркия интиқод карда гуфт: ""онҳо тасмим гирифтанд, ки як ҷои хоси амрикоиҳоро билесанд".
Дар идомаи ин гуфтугу дар мавриди Туркия Путин аз нуфузи исломгароӣ дар ин кишвар нигаронӣ карда гуфт: "исломгароиӣ ба шакли хазандае дар ҳоли гирифтани Туркия аст, ки "Отатурк дар гури худ меларзад".
Баъди қазияи ҳадаф қарор гирифтани ҷангандаи Русия аз суйи ҷангандаҳои Туркия равобии байни ин ду кишвар тира шуд ва Русия як баста таҳримҳоро алайҳи Туркия эҷод кард.