Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Парвандаи Ҳусайнӣ бо 12 нафар аъзои олии ҲНИТ ба додгоҳ ирсол шуд

$
0
0

Прокуратураи генералӣ парвандаи 13 нафар аъзои олии ҲНИТ-ро, ки ба ҷурми ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда буданд, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Бар асоси навиштаи расонаҳо коммисияи махсуси тафтишотии Прокуратураи генералӣ  13 нафар аъзои олии ҲНИТ, ки ҳоло фаъолияташ тибқи қонун мамнӯъ мебошад, барои муҳокима ба додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол кардааст. Бар асоси як қарор ба рӯи парвандаҳои аъзои ҲНИТ муҳри махфӣ зада шудааст.

Тибқи гуфтаи наздикони боздоштшудаҳо, ки ба терроризм ва табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд, баррасии парвандаи онҳо шояд то поёни соли 20015  ба охир бирасад ва ҳукмашон эълон шавад. 

13 узви раёсати ҲНИТ -  муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ваВоҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генералАбдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Ёдовар мешавем, ки баъди ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифои Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ мамнӯъ эълон шуд. Мақомот ин ҳизбро дар ҳамдастӣ бо ошӯби Назарзода муттаҳам дониста, 13 узви раёсати олии онро боздошт карданд. Роҳбари ин ҳизби фаъолияташ ҳоло мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ чанд моҳ қабл аз ин ҳодисаҳо аз кишвар хориҷ шуда, дигар бар нагашт. Ҳоло тибқи маълумоти расонаҳо ӯ дар Германия ба сар мебарад.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>