Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҳамхонаи Гулмурод Ҳалимов гуфт: "Ӯ маъюб ва ба ДИИШ нодаркор аст"

$
0
0

Гулмурод Ҳалимов, полконивки собиқи дастаи ОМОН барои ҳаракати тундрави ДИИШ маъюб ва нолозим шудааст.

Манобеъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ин нуктаро таъид карда гуфтаанд, собиқ фармондеҳи неруҳои махсуси Вазорати умури дохилаи кишвар "маъюб ва барои ДИИШ нолозим"шудааст.

 

Мақомот бо такя ба эътирофи ҷавони 26-сола, ки тоза аз Ироқ баргашта ва худро таслим кардааст, эълом карданд. Ба эътирофи ин ҷавон, ӯ як муддат ҳамхонаи Гулмурод Ҳалимов будааст ва маълум кардааст, ки ӯ захмӣ ва маъюб асту барои гуруҳи террористии ДИИШ нодаркор шудааст.

Ин ҷавон гуфтааст, Гумурод Ҳалимов дар пайи ҳамлаи ҳавои аз сар ва пой ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст, ки ин зарбаҳо ба сиҳатии ӯ таъсиргузор воқеъ шудааст.

Ёдвоар мешавем, ки Гулмурод Ҳалимов, полковник ва роҳбари пешини дастаи ОМОНИ Вазортаи умури дохилаи Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ ба гуруҳи террористии ДИИШ пайваста, бо интишори муроҷиати ведиоӣ иллати пайвастанаш ба ин гуруҳро шарҳ дод ва аз мақомоти тоҷик интиқоди шадид намуд. Дар пайи ин  ҳукумат коммисиияи махсусро бо шумули мақомоти қудратӣ ва интизомӣ ташкил кард, ки ҳадафаш таҳқиқи сабаҳои пайвасатани Гулмуродов ба сафи ин гуруҳи террористӣ буд. Нисбати ӯ бо чанд модда парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>