Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Заминларзаи шадид дар "Сарез": 1 кушта ва 10 захмӣ

$
0
0

Заминалзаи 7, 2 бала бар асоси ҷадвали Рихтер дар минтақаи "Сарез"-и Тоҷикистон як кушта ва даҳ захмӣ бар ҷой гузоштааст.

 

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар натиҷаи заминаларза дар шоҳроҳи Душанбе-Хорӯғ санг фаромада, як доланро пахш кард, ки дар натиҷа ронандаи он ба ҳолокат расидааст. Дар натиҷаи ин заминларза дар навоҳии Бадахшон хонаҳои зиёди истиқоматӣ вайрон шуда, даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

 Муассисаи илмии Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт: “Қувваи он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез 5-6 ва дар Душанбе 3-4 балро ташкил дод. Заминларза такроран соати 15-04 дар 370-километрии ҷанубушарқи Душанбе ба қайд гирифта шуд, ки дар марказаш 5-6 бал ва дар пойтахт 2-3 балро ташкил дод. Ҳамчунин соати 15-34 дақиқаи рӯзи душанбе дар 357-километрии ҷанубушарқи Душанбе ва 22 километр дуртар аз кӯли Сарез заминларза ба вуқуъ пайваст, ки қувваи он дар марказаш ба 5-6 бал ва дар пойтахт ба 2-3 дараҷаи Рихтер баробар буд”.

Ҳоло бар асоси гуфтаи Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рушони Бадахшон коммисияи махсус ташкил шуда, хисорат ва талфоти заминларзаи рӯзи ҳафтуми декбари соли равонро маълум мекунад.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>