
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣкормандони милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи Ғончиро бо гумони ғайриқонунӣбуридани дарахт дастгир намуданд.
Муайян карда шуд, ки номбурда ғайриқонунӣ аз мавзеи “Мирамар”-и кӯҳсори деҳаи Овчӣ 11-адад дарахти арчаро бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор бурида, ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ба маблағи 3680-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни дигари чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Ғончиро бо гумони ғайриқонунӣ буридани дарахт дастгир карданд, ки номбурда аз мавзеи “Шабири калон”-и кӯҳсори деҳаи Овчӣ 17-адад дарахти арчаро бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор бурида, ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ба маблағи 3920-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.