Як коршиноси рус иддао кардааст, ки эҳтимоли қавӣ ҳаст, ки ДИИШ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна зуҳур кунад.
Ин коршинос Алексей Подберезкин, раиси маркази таҳқиқотии низомӣ-сиёсии Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскав зуҳури гуруҳи террористии ДИИШ дар Тоҷикистонро аз эҳтимол дур надонистааст.
Ӯ гуфтааст, Афғонистон ба ҳайси хати убур барои ДИИШ аст ва ин гуруҳ метавонад бахшҳои худро дар Осиёи Миёна ташкил кунад. Ба иддаои ин коршинос "ҳузури ДИИШ дар Осиёи Миёна як қоида мебошад ва он метавонад ба зудӣ дар дигар кишварҳо нуфуз пайдо кунад. Ба эҳтимоли қавӣ ДИИШ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон метавонад пайдо шавад".
Ин коршиноси рус дар ҳоле чунин идаоро матраҳ мекунад, ки давоми як соли ахир дар сатҳи гуфтуги раҳбарони давлатҳои Осиёи Миёна дар хусуси эҳтимоли нуфузи ДИИШ дар ин минтақа бонги хатар зада мешавад.