
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Шарл Де Голл, Маҳатма Гандӣ, Пётри Кабир ва Ҷорҷ Вашингтон қиёс карда мегӯяд, ӯ заминагузори ваҳдати миллӣ, ягонагии шаҳрвандони мамлакат, сулҳу суботи кишвар мебошад.
Нуриддин Саидов таъкид мекунад, ки "Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба монанди Пётри Кабир дар Русия, Ҷорҷ Вашингтон дар Амрико, Маҳатма Гандӣ дар Ҳиндустон, Шарл де Голл дар Фаронса зарурати ташкил кардани давлатдории миллӣ, модернизатсияи онро дарк намуд ва онро бо сари баланд тадбиқ карданд. Пешвоёни миллат дар замони худ иттиҳоди миллӣ, ваҳдати вуҷуди миллат, ягонагии шаҳрвандони мамлакат (сарфи назар аз миллаташон), сулҳу суботи кишвар, инчунин барои рушду нумӯъ, пешрафти давлат ва кишварашонро дар замони баъд барои даҳсолаҳо ва садсолаҳо замина гузоштаанд. Ин сифатҳо ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон, мавзӯи ибрат, таваҷҷуҳ ва омӯзиши тамоми ҷаҳониён гардидааст".
Ба андешар ӯ, "Пешвоёни миллат тавонистаанд, ки идеяи умумимиллии пешрафти мамлакаташонро ба ҷаҳониён пешниҳод ва дар кишварашон амалӣ кунанд, ки таърих ба гузашти замон самараи хеле барҷастаи онро исбот кардааст. Мисоли зинда барномаи «Баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ»-и Эмомалӣ Раҳмон аст".
Дар идома Нуриддин Саидов таъкид мекунад, ки пешвои миллат шахсияти соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ мебошад: "Миқёси фаъолияти онҳо маъмулан аз доираи кишварҳояшон берун баромада, ташаббус ва фаъолияти байналхалқии эшон ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонид. Масалан, пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон монанди Соли байналмилалии «Оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (солҳои 2015-2025) ва ғайра".
Ҳамаи сифатҳое ки барои пешвои миллат лозим аст, Эмомалӣ Раҳмон дорад, мегӯяд Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон: "Пешвоёни миллат қобилияти фавқулодаи мантиқӣ, сафарбаркунандагӣ, муттаҳидкунандагӣ, ваҳдатсозӣ, сулҳофарӣ, бедордилӣ, бедоркунандагӣ, пешбарандагӣ доранд, ҳаводиси ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро пешбинӣ намуда, вобаста ба ҳаллу рафъи он қарорҳои оббур ва нишонрас қабул мекунанд, ба давлати миллӣ ва низоми давлатдории миллӣ асос мегузоранд, нишонаҳои асосии давлатдориро эҳё мекунанд (пули миллӣ, артиши миллӣ, забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, сиёсати миллии дохилию хориҷӣ ва ғайра). Ҳамаи ин ва сифатҳои дигар хоси пешвоёни миллатро мо ба хубӣ дар симои Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон мебинем".