Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҳарифони Тоҷикистон дар чемпионати Осиё- 2016 маълум шуд

$
0
0

Қуръапартоии марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2016, ки 2 декабри соли равон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, ҳарифони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистонро дар сабади 4-ум муайян кард. Ба  сабади мазкур ба ғайр аз Тоҷикистон дастаҳои футзали кишварҳои Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ дохил карда шудаанд.

Ба сабадҳои  марҳилаи финалӣ дастаҳо чунин ҷой ёфтаанд:

 - сабади  1: Ӯзбекистон, Ҷопон, Эрон, Таиланд;

- сабади 2: Австралия, Лубнон, Ветнам, Ироқ;.

- сабади 3: Қиргизстон,  Тайбэйи Чин, Малайзия, Чин.

- сабади 4: ТОҶИКИСТОН, Қатар, Урдун, Арабистони Саудӣ.

Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврали соли 2016 дар Ӯзбекистон доир мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки футзалчиёни тоҷик дар марҳилаи финалии чемпионатҳои Осиё   ҳашт маротиба ширкат варзидааст (солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012 ва 2014). Дастоварди беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  роҳхат гирифтани он ба марҳилаи чорякниҳоии чемпионати Осиё-2007 дар Ҷопон ба шумор меравад. Ҳарифони футзали Тоҷикистон дар марҳилаи финалӣ дастаҳои пурзӯр буда, футзалчиёни тоҷикро рақобати шадид дар пеш аст.

Addthis: 
Автор: 
Эмоми Назариён

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>