
Дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинс додгоҳ шаҳванди Тоҷикистонро ба муҳлати 24 сол ҳабс кард.
Бар асоси иттилои расонаҳо, Муҳаммад Ҳайбуллоев дар қатли ду нафар, дуздии аснод, тақаллубкорӣ, таҷовус ба номус ва дуздӣ муттаҳам шудааст. Хулосаи ҳукми додгоҳ ин аст, ки шаҳванди Тоҷикистон Муҳаммад Ҳайбуллоев бо як зан робитаи дӯстӣ дошта, аз ин зан хостааст, ки 1 млн рубл аз бон карз гирад. Ин зан, ки дусти Ҳайбуллоев муаррифӣ мешавад, талаби ӯро рад мекунад: “Пас аз рад шудани ин тақозо Ҳайбуллоев ба манзили ин зан ворид гардида, модару модаркалони ӯро дар ҳузури фарзандонаш бо корд мекушад ва ба номуси вай таҷовуз мекунад”.
Addthis: