Ҳомитов Хуршедҷон бинобар назорати “қатъӣ”-и “танзими танъана ва ҷашну маросимҳо аз ҷониби кормани ШКД-и ноҳия, ки аслан ин низорат ба зиммаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бояд бошад, бо роҳи худовезӣкӯшиши худкушӣкардааст.
Ҳомитов Хуршедҷон:-Занам дар баёноташ бо дастони худ навиштааст, ки ба зани дигар гирифтни шавҳарам зид нестам ва ба оиладории ӯ ягон монеа эҷод намекунам. Вале аз рӯзе, ки зани дуюмамро гирифтаам на худам рӯз мебинаму на модарупадар ва на ҳамсарам. Умедаро бо умеди зиндагии осуда ва орӣ аз кашмакашҳову суду судбозиҳо гирифтам. Аммо рӯзи гавҳорабандони духтарчаи навзодам собиқ занам шодиямонро ба ғам табдил дода, маро аз ҷонам сер кард. Аз рўзе, ки собиқ занам маскун шуд, рӯз надидаам. Оќибат модару падарам гуфтанд, ки ба Руссия рав, Худо кунад, ки то омаданат ин келин худро ба даст гирад. Вале то ман аз Русия баргаштан вай ба ҷои “худро ба даст гирфитан” ба никоҳи мусалмонии каси дигар даромадааст.
ХУРШЕД ЧАРО ҚАСДИ ҶОН КАРД?
Баъди атрофи хонаи ҳамсарамро забор (девор) гирондан гумон мекардам, ки каме орому осуда зиндагӣ мекунам. Вале баръакс вазъияти оилавиям аз ҳар ҷиҳат рӯз то рӯз бадтар мешуд. Ман бо вуҷуди молик будан дар он оила вазифаи дарвозабонро иҷро мекардам. Ҳар шаб соатҳои 12-1-и шаб ё аз хона мебаромад ва ё ба хона меомад. Ман бошам маҷбур будам, ки ҳар гоҳ ӯ дарвозаро тақ-тақ кунам хобамро њаром карда дарвозакушоӣ кунам.
Аслан сарчашмаи тамоми нохушињо маъракаи гавҳорабандони духтарчаи навзодам шуд. Ҳол он ки он рӯз маърак дар доираи ҳамагӣ 12-нафар наздикон доир шуда буд. Тибқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” гаҳворабандон танҳо дар доираи оила ва бо иштироки то 15 нафар бояд баргузор шавад. Мо ҷамъоҷамъ 12-нафар будем. Аммо аз ШКД-и ноҳия Э. Қосимов ва ду милисаи дигар омада санад тартиб доданд, наворгирӣ карданд . Занам бошад учаскавойро дида, бо овози баланд мегуфт: Ана, хонаҳо бинед, ҳама хонаҳоро кобед! Худатон бинед, ки хонаҳои пур аз меҳмон. Милисаҳо бошанд меҳмононро як-як мекарданд. Аз ин гуна ранг гирифтани кор, аз ташрифашон пушаймон шудани меҳмонон ва фишори хунаш баланд шуда аз ҳуш рафтани модаркалони занамро дида, дар ҳоли ногувор мондам. Ҳамаи меҳмонон ҳанӯз хӯрокро нахӯрда дар оғози маърака баромада рафтанд. Дигар худро ба даст гирифта натавонистам ба оғил рафтаму бо роҳи худовезӣ қасди ҷон кардам, то аз ин ноадолатиҳо раҳо ёбам.
Зан: ман ба никоҳи каси дигар даромадаам
Ноябри соли 2014 аз Руссия омадам. 14 декабри соли 2014 аз суди ноҳия ба ман З.Аллабердиев занг зад. Он вақт он кас дар ноҳия нозир буд. Занг зада гуфт, ки як назди мо биё. Ман ки аз асли воқеа тамоман бехабар будам дар аввал ҳайрон шудам. Вақте ба назди Аллабердиев рафтам дидам, ки ҳамсарам Нилуфар Халилова дар он ҷост. Баробари маро дидан бо оҳанги дурушт хоҳиши бо ман зиндагӣ накарданашро исрор дошт. Дар аввал хостам хато будани ин фикрҳои сарсарии завҷаамро фаҳмонам, то ду фарзанди худро ҷавран сағера накунам. Аммо занам дар ҳузури шоҳидон гуфт:- Ман туро дилам намекашад ва алакай мусалмонӣ ба никоҳи каси дигар (модари Хуршед дар сӯҳбат “каси дигар”-ро Саийдакрам ном бурд) даромадагиям. Агар ту ҷавоби маро надиҳӣ, ман ҷавоби туро медиҳам!
Чун ин суханони таҳаммулнопазирро шунидам тамоми умеди зиндагии якҷояро кандам ва паёпай дар ҳамон толори суд ҷавоби занамро додам.
ХОНАИ БЕСОҲИБХОНА
Хостем бо Нилуфар рӯ ба рӯ сӯҳбат ороем, вале ӯро дар хонаи маскунгаштааш пайдо карда натавонистем. Аммо номбурда дар аризаи даъвогияш ба суди ноҳияи Ғончӣ қайд кардааст:-...Аз рӯзи парокандашавии оилаамон ҷавобгар(шавҳараш-Хуршед) ба ман се рӯз мӯҳлат гузошт, ки ҷои зист ёфта анҷомҳои рӯзгорамро гирифта аз ин манзил баромада равам ва ман 12 декабри соли 2014 манзилеро дар шаҳраки Ғончӣ,кӯчаи Сино ба иҷора гирифтам ва дар он ҷо ҳамроҳи фарзандонам зиндагӣ намуда истодаам, ки дар он ҷой шароити зиндагӣ кардан ба ман ва фарзандонам вазнинӣ кард, зеро ҳар моҳ барои иҷорапулии хона 200 сомонӣ месупоридам. Вале баъди маскун шудан Нилуфар аз муаммои иҷаранишинию иҷорапулӣ озод шудааст.
“САРИ КАФИДА ЗЕРИ ТОҚӢ”
Гулнора Хидиралиева, модари Хуршед:-ман Нилуфарро 8 сол кеш келин кардам. Аввалҳои оиладорӣ нағз буд, вале бо мурури вақт аз ҳар ҷиҳат тағйир ёфт. Соли 2013, ҳангоми писарам дар Русия будан аз шунидам, ки келинам бо дигар мард муносибат доштааст. Аммо “сари кафида зери тоқӣ”-гӯён ором мегаштам.
Барои оилавайрон нашудани писарам. Вақте ба келин гуфтам, ки “духтарам ман ин рафтори туро фаҳмидам, аммо барои фарзандаму фарзандонат шуда лом намегӯям, ӯ ба ҷои сари хам баръакс оташин шуд. Соли 2014 ба мошини шавҳарам касе хатча карда партофтааст, ки келинат бероҳа аст. Ба ин ҳам мо зану шавҳрам чашм пӯшидем. Бар ивази ин ҳама некиҳоямон ду сол падвалнишин шудем. Соли 2010 аз ин хона баромада рафтем. Вақте ман модари ӯро ба хона даъват кардам, то барои вайрон нашудани оилаҳо маслиҳату насиҳат кунем, аммо модараш гуфт:“Акнун дигар ба корҳои ӯкордор нашавед, ҳар кор, ки хоҳад мекунад.”...Ҳазор кӯшиш накунем оилаи писарам вайрон шуд.