
Ҳар субҳ, вақте ки сокинони пойтахт аз хонаи худ берун мешаванд, аввалин чизе, ки ба чашмашон мерасад, ин Парчами баландтарини кишвар аст, ки аз ҳама гӯшаҳои шаҳр намоён аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллии мардуми мост,ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи олам ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва дорои таъриху фарҳанги бой муаррифӣ менамояд.
19.11.2009 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ҳар фарди соҳибхирад огоҳ аст, ки тоҷикон аввалин шуда дирафш- парчамро ҳамчун нишони тантана ба миён овардаанд. Аз адабиёти классикии точик, аз он ҷумла, «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ парчам ҳамчун нишони ғолибияти некӣ ба бадӣ дар тасвири ғолибияти Коваи оҳангар ба Заҳҳок , ки бо бардоштани чарминаи худ ба сифати дирафш- парчам тантанаи адолатро нишон дода буд, таърихи эҷоди парчамро аз ҷониби халқи тоҷик тараннум кардааст.
Дар замони шоҳ Фаридун бо воридоти ситораи чор шохаи зархалдор бо рангҳои зард, сурх, бунафш парчами мардуми ориёи эътироф гардида буд. Бо рафти тараққиёти ҷамъият парчам низ рамзу рангҳои нав ба нав гирифта, нишони пешравии давлат мебошад.
Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11.12.1999 тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамоми муқаддасоте, ки дар ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте ба фарҳанг алоқаманд аст, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо ба идеалҳои мо алоқаманди дорад, дар ҳамин ҷумла ниҳон аст, яъне Парчами давлатии Тоҷикистон дар радифи нишон ва суруди милли рамзи давлат аст.
Бояд қайд кард, ки рангҳои парчам дорои мазмуни амиқ буда, арзишҳои таърихи, фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмии ҷумҳурии мо ифода ёфтааст ва рамзи қудрату тавони ва нурҳои ақлонии фарҳангии кишвар аст.
Аз он ҷумла, ранги сурх дар он агар нишони мубориза ва ҷоннисори баҳри озодӣ ва истиқлолият бошад, сафеди он бахту иқболи сафед покизаги аст, ранги сабз саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон бҳри ободии диёр аст. Тоҷи он нишони соҳибдавлатӣ, ҳафт ситора- ҳафт иқлим, ҳафт ситора, ҳафт қабати осмон, ҳафт рӯз аст.
Эҳтиром ба Парчам ин эҳтиром ба шахсияти худ, ба макон, ба ҷомеа, ба таъриху фарҳанги бои халқ, ба дастовардҳои истиқлолият ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, бояд мо аз таърихи парчамдории давлати тоҷикон, Рамзҳои давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон, моҳият ва мазмуни он огоҳ бошем, ин муқаддасотро дӯст дорем ва онро арҷгузор бошем.
Ҷ.Ширинзода ,
судяи суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе
Нарзуллозода Шарафҷони Нусратулло,
судяи суди гарнизони ҳарбии ш. Душанбе