
Заминларзаи 5.9 дараҷаи Рихтер, ки марказаш шимолушарқи Афғонистон гуфта мешавад, соати 11:17-дақиқаи шаби 22 ба 23 ноябр Тоҷикистонро такон дод.
То ҳол маркази зилзилашиносии Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардааст.
Аммо ин заминларза тақрибан як дақиқа идома карда, бархе аз сокинонро дар ҳолати изтиробу нигаронӣ қарор додааст. Бархе аз сокинон аз қатъ шудани робитаи телефонӣ дар лаҳзаҳои заминҷунбӣ хабар доданд.
Ин заминларза тақрибан як моҳ баъд аз заминларзаи шадид дар Тоҷикистон рух дод, ки ҳарчанд бе талафоти ҷонӣ гузашт, аммо хисороти зиёде аз худ боқӣ гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфта буд, дар пайи ин заминларза дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, ки ба маркази зилзила, яъне Афғонистон, наздикӣ доштанд, чанд хона хароб шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд. Дар худи Афғонистону Покистон аз ин заминларза тақрибан 300 нафар ҷон бохтанд.