Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Фоҳишаҳои тоҷик дар Русия: онҳоро чӣ интизор аст?

$
0
0

- Ин фоњишањо дар куљоянд?-пурсид  боњайрат марди мусофире ,ки дар мењмонхона  барои чанд муддат љой гирифта буд.

- Онњо рафтанд,- оњиста гуфт зани дарбон.

 -Ба куљо?- боз пурсид он мард.

-Ба Маскав,охирба ин 5-10 сомоние,ки шумо медињед,  рўзашон намегузарад,-нимѓурма гуфт он зан.

 

Шумораи  занони сабукпоймеафзояд. Чаро?

Шунидани ин муколама маро ба андеша водор кард. Њарчанд аз љониби сохторњои дахлдор корњои зиёд бурда мешавад, вале дар кишвар сафи занњои сабукпой рў ба афзоиш менињад, ки ин боиси нигаронист. Он  рўз ба сўйи бозори «Шоњмансур»  шитоб доштам. Ногоњ зани кулчарўйи сурхинае бо табассум пеши роњамро гирифта  гуфт:

-Шумо, меравед?…

Лањзае њайрон шудам. Баъд худро ба даст гирифта гуфтам:

- Меравам, рањмат, ки маро  ба синну соламон нигоњ накарда, њурмат мекунед.

- Не, љони ман, шумо андак маблаѓ медињеду баъд меравем,- гуфт ў …

- Чї ќадар? – кунљковона суол  кардам ман.

- 50 сомонї,  ваќташ бошад, ду соат…

 Ман  гаранг шуда будам ва роњи гурезро мељустам.

- Майлаш њозир ман рафиќамро гусел карда, ба наздатон  меоям ,-гуфтаму бо њамин љонамро халос кардам.

Фирор кардаму ба њоли ин зани нозанин дарунакї дилам месўхт. Чї ўро ба ин варта овардааст?

Охир зан ширинтарин неъмати офаридаи  Парвардигор аст.  Оё њаст инсоне, ки занро дўст надорад, ба пеши пояш сари таъзим фурў наорад.  Гўё ба саволам аз суњбат бо модари азияткашидае рўзи дигараш посух пайдо шуд. Дар утоќи кориам нишаста будам. Зани рустаборе даромада, бо афсўсу надомат гуфт, ки ду духтари ноболиѓаш аз хона баромада рафтаанд. Калониаш 1 сол пеш, дуюмиаш, ки њанўз 16-ро пур накардааст, ду-се рўз шуд аз хона баромада, дигар барнагаштаанд.

- Онњоро  суроѓ накардї? – суол кардам ба ў.

- Кофтам, духтари калониамро, ки имрўз њамтабаќњояш Гуляаш мегўянд, ёфтам. Ў бо ман наомад. Изњор дошт, ки нав дунёи озоди худро ёфтааст. Баъдтар фањмидам, ки духтари дуюмам низ ба дунболи апааш рафтааст. Ба чанд сохторњои дахлдор мурољиат кардам, суде набахшид.

Зани дигар бо номи Шарофат ба њасрат гуфт,ки духтараш аз назораташ дур монда бероња шуд.Бо  маќсади ба роњи рост даровардан ӯро чандин бор латукўб  кардааст. Њатто барои ислоњ шуданаш вайро барои як сол ба мактаб- парваришгоњ супоридааст, аммо ин  талошњояш натиҷа надоданд.

-Барои кумак ба хешу таборон  мурољиат кардам. Онњо гуфтанд, духтарат номи авлоди моро паст кард. Вайро љазо доданд, вале ислоњ нашуд,- гуфт он зан бо дарду њасрат.

 

1 000 зане, ки ба танфурӯшӣрӯз мегузаронанд

Њамин тавр  Салимаи 17-сола низ ба гурӯҳи духтарони душвортарбия шомил шуд. Ӯ њам соатњои зиёди худро бо дӯстон ва шиносњои тасодуфї дар хиёбонњо  мегузаронад. Њарчанд бештари духтарони саркаш аз хонаводањои мардуми камбизоат берун омадаанд, дар байни онњо фарзандони оилањои миёнањол ё пулдор њам кам нестанд.

 Мудири мактаби махсуси наврасони душвортарбия Намоз Бобоев бетаваљљуҳии волидайн ва муњити носолимро сабаби ин њолат арзёбї мекунад:

-Мо худ шоњидем, ки ин шабу рӯз баъзе духтарњо дар куҷо мегарданд ва писарон аз ин њолатњо истифода мекунанд. Гоње дар баъзе нишастњо, ваќте духтарон нўшокї истеъмол мекунанд, писарон ба ин нўшокињо машруботи спиртӣ илова менамоянд ва ин ба "вайрон"шудани духтарон оварда мерасонад. Бисёре аз волидон моро барои  ба тарбия фаро гирифтани фарзандонашон даъват мекунанд, вале мо ба ин имконият надорем.

Мувофиќи маълумоти Вазорати корњои дохилии Тоҷикистон дар кишвар 61 духтари то 18-сола ва наздики 900  нафари то 30-сола ба ќайд гирифта шудаанд, ки бо танфурўшї рӯз мегузаронанд. Бештар аз 150 нафари онњо аллакай гирифтори амрози зӯҳравӣ ё беморињои сироятї  буда, дар ќайди Маркази ҷумњуриявии беморињои пӯст ва узвњои таносул ќарор доранд.

 

Дар ин замина занњо љиноятњои гуногун содир мекунанд. Онњо дар ин «майдон» аз мардњо ќариб, ки кам нестанд. Яке барои куштани шавњараш 2,5 њазор доллар ба қотили зархарид дод (дар ноњияи Бохтар Руќиямоњ Собирова), ки оќибат сираш фош гардиду ба муњлати  16 сол паси панљараи мањбасро иљора гирифт. Зани дигаре фарзанди бе никоњ таваллудшудаи худро ба ташноб партофт (аз шањри Вањдат) љинояташ ошкор гаштаву 9 сол ба зиндон равона гардид.

Баъдтар суди шањри Хуљанд ду зани тољикро ба кољоќи занњои тољик ба Дубайи   Аморати Муттањидаи Араб айбдор дониста, якеро ба муњлати 5 ва дигареро 6 сол аз њуќуќи озодї мањрум сохт. Яке аз онњо зани 33- сола аз ноњияи Зафаробод моњи феврали соли 2012 ваќти парвоз ба шањри Шарљаи Аморати Муттањидаи Араб дар майдони њавоии Душанбе боздошт шуда буд. Вай мехост 4 ҷавонзани тоҷикро барои танфурӯшӣ ба шањри Дубай барад, аммо онњо шиносномаи хориҷї надоштанд ва сафарашон ба таъхир афтод. Ба танфурӯшон ваъда дод, ки онњо дар АМА аз ватан зиёдтар пул кор мекунанд, занон розӣ шуданд. Ќисмеро зани дуюм аз Чкалов розӣ кард. Зимнан, чор ҷавонзане, ки ба њайси ҷабрдида ба толори суд њозир шуда буданд, барои танфурўшї ба Дубай бо рањнамоии занњои айбдршаванда рафтани худро пинњон надоштанд. Онњо гуфтанд,  ки сахтии рӯзгор дар ватан, бекориву нодорї ва талоши дарёфти маблаѓ онњоро ба ин кор маљбур кардааст. Кас аз ин сухани  занњо  ба њайрат афтода, худ ба худ савол медињад: “Чаро ин занњо дар љое  кор кардану зањмат кашида, маблаѓ ёфтанро нею танфурўширо пешаи  асосии худ ќарор доданд?” Бархилофи ин занеро мешиносам, ки бо ду фарзади ноболиѓаш шавњараш ўро дар миёнаи роњ монд. Зан касе  ё мададгоре надошт, вале ба њусни расояш нигоњ накарда ў танфурўшї накард. Дар бозор нишасту ба нонфурўшї машѓул шуд.  Зиндагиаш рў ба бењбудї нињод. Фарзандонашро мехўронду мепўшонд. Ҳатто кор ба дараљае расид, ки бисёр наздикону пайвандонаш аз ў ќарз мегирифтагї шуданд. Магар ин занњо наметавонистанд њамин роњи  бо мењнат нони њалол ёфтанро интихоб намоянд. Охир дар Марѓелон  нон ѓелон- ѓелон намеояд-ку? Њамаи љинятњое, ки содир мешаванд, нангинанд, вале танфурўшии занон бахусус дар хориљи кишвар дардовару нангинтар аст.

                                                                                                                                                                                                Давомаш дар ҳафтаномаи "Тоҷикистон"

 

Addthis: 
Автор: 
Иззатбеки Идизод

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>