Нафари дуюм, ки ба қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино муттаҳам мешавад, боздошт шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Шариф Раҳматови 20-сола, зодаи шаҳри Кӯлоб, ки дар Душанбе муваққатан ба сар мебарад, дар қатли кормандони комисариати ҳарбӣ айбдор мешавад.Қаблан, мақомоти дохилӣ Умедҷони Амрохонро боздошт карда буданд. Гуфта мешуд, ки дар куштори ду корманди коммисариати ҳарбӣ ва захмӣ кардани ду нафари дигар Умедҷонро як ҷавон ҳамроҳӣ мекардааст. Умедҷони Амрохон 21-сола дошта ӯ низ, сокини шаҳри Кӯлоб мебошад, ки муваққатан дар пойтахт зиндагӣ мекард.Умедҷони Амрохон дар гузориши телевизионӣ ба гуноҳи худ иқрор шуда буд. Аммо то ҳол муайян нашудааст, ки чаро ин нафарон ба куштори афсарони Комиссариат даст заданд.Ҳодисаи куштори ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино 7-уми ноябр рух дода буд.