Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Боздошти шаҳванди тоҷик дар Русия бо тирпаронӣ анҷом ёфт

$
0
0

Мақомоти полиси Росия барои боздошти Абдулмаҷид Каримҷонов, ки ба дуздиву роҳзанӣ гумонбар дониста мешавад, ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Бар асоси гузориши расонаҳо полис ҳангоми боздошти ин шаҳрванди 24-солаи тоҷик дар иҳонати дустон ва шарикони ӯ монда, маҷбур шудаанд, ба ҳаво тир холӣ кунанд. Вобаста ба ин қазия мақомоти умури дохилаи Русия тафтишотро оғоз кардаанд.

Мақомоти дохилии Русия ин ҷавони тоҷикро дар роҳзанӣ ва акнун дар муқобилият алайҳи кормандони мақомоти қудратӣ муттаҳам мекунанд: “Каримҷонов шиносашро, ки аз ӯ дар кӯчаи Агрономии Қазон манзил ба иҷора мегирифтаасту 31 октябри соли равон барои маблағи иҷора омадааст, бо корд маҷруҳ намуда, 10 ҳазор рублашро низ гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”. 

Мақомоти умури дохилии Русия таъкид кардаанд, соати 1-и шаби 1 ноябр пас аз он ки хабардор шуданд, Каримҷоновро бо ҳамроҳии шариконаш дар қаҳвахонаи “Персия” дар кӯчаи Зоргеи Қазон қарор дорад, фармони боздошташро содир карданд. “Аммо ҳангоми боздошт ӯ муқобилият нишон дода, ба маъмурини пулис зарба задааст. Баъди он, ки кормандони пулис ӯро боздошт карда, берун баровардаанд, дар иҳотаи 15 шарикаш мондаанд, ки талоши халосии ӯро кардаанд. Танҳо баъди тирпаронӣ ба ҳаво шариконаш фирор намудаанд”. 

Ин хабар дар ҳолест, ки Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, маъмурини пулис дар либоси мулкӣ қарор доштаанд. Ба иттилои манбаъ ҳоло Каримҷонов дар ҳабси хонагӣ қарор дошта, тафтишоти ҳодиса оғоз шудаанд.Манбаъ мегӯяд, феълан Каримҷонов дар ҳабси хонагӣ қарор дошта тафтиши ҳодиса идома дорад. 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>