
Гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори наворе ба кишварҳое, ки дар амалиёти эътилофи зиддидиишӣ ширкат доранд, ҳушдор додааст, ки мавриди ҳамлаҳои террористӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ин навор, ки дар сомонаҳои интернетӣ нашр шудааст, ДИИШ гуфтааст, ҳадафи минбаъдаи ин гурӯҳ Вашингтон хоҳад буд.
Изҳороти ДИИШ дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде қабл ҳамлаҳои террористии Фаронсаро тарконд ва масъулияти ин ҳамлаҳоро ДИИШ бар душ гирифт.Дар маросими ҷанозаи қурбониёни ин фоҷеа Франсуа Оланд, раисҷумҳури Фаронса ҳушдор дод, ки Фаронса дар ҷанг бо ин гуруҳи террористӣ қарор дорад.
Addthis: