Дар таърихи рӯзи 12 ноябр Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ-палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар дидор бо Евгений Бушмин, муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия қазияи марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷикро матраҳ карда, талаб намуд, ки он воқеъбинона таҳқиқ шавад.
Дар ин суҳбат ӯ аз мақомоти Русия дархост намуд, ки ин қазия дар чаҳорчуби қонунҳои ҷории Русия барраси шавад ва мақомоти Русия бо назардошти “эҳтиром ба арзишҳои волои умумиинсонӣ воқеъбинона баррасӣ кунанд”. Дар ин мулоқот ғайр аз қазияи марги кӯдаки тоҷик ҳамчунин масъалаҳои ротибаҳои байни парлумонӣ баррасӣ шудааст.
Умаралӣ Назаров кӯдакест, ки аз ҷониби полиси Русия дар шаҳри Санк-Петербург боздошт шуда, дар боздоштгоҳи ин шаҳр ҷон бохтааст. Марги фоҷеавии ин кӯдак дар расонаҳо сару садои зиёде ба вуҷуд овард, ки баъди чанд ҳафта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо Димтрий Медведев, сарвазири Русия ин қазияро матраҳ карда, аз ҷониби Русия таҳқиқи мунсифонаи онро хоста буд. Дар посух оқои Медведев гуфта буд, ин қазияи таҳти назорати ӯ мунсифона баррасӣ мешавад. То ҳол хулосаи ниҳоии парвандаи марги Умаралӣ Назаров эълом нашудааст.