Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Сармоягузорони 20 минтақаи Русия ба Душанбе меоянд

$
0
0

Охирҳои моҳи ноябр сармоягузорони бист минтақаи Русия барои густаришу баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳакориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунанд.
Михаил Кораблин, намояндаи тиҷоратии сафорати Русия дар Тоҷикистон аз баргузории чаҳорумини ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии Русияву Тоҷикистон ва нахустин намоишгоҳи санъати Русия дар Душанбе дар авохири моҳи ноябри ҷорӣ хабар дод.

Тавре Михаил  иброз доштааст, ки дар ин намоишгоҳи мудирону сармоягузорони 20 минтақаи Русия ширкат намуда, дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ бо Тоҷикистон баҳсу табодули назар хоҳанд кард.

Саид Шариф мудири утоқи саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон низ дар ин вохӯрӣ бо истиқбол аз баргузор шудани чаҳорумин ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва нахустин намоишгоҳи саноатии Русия дар Душанбе муносиботи Русия ва Тоҷикистонро рӯ ба пешрафт донист.

“Айни замон 75 минтақаи Русия бо Тоҷикистони равобити иқтисодию тиҷории барқарор кардааст. Русия дар солҳои ахир беш аз 700 миллион доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, гуфтааст.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>