Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Кӯдакон амонати Худованданд

$
0
0

Кӯдакон пули устуворе ҳастанд, ки имрӯзро бо фардо мепайванданд. Ҷомеа ва афроде, ки дар андешаи ояндаи дурахшонанд, пеш аз ҳама нисбати кӯдакон ғамхорӣ зоҳир намуда, тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозанд, ки бачаҳо ҳаматарафа солим ба воя бирасанд ва фардо фарзандони номдору номовару номбардори Ватан гарданд. Фарзанд меваи дарахти ҳаёт, маънии зиндагӣ ва давоми умри инсон аст, мутаассифона ҳастанд афроде, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои парвардигор нарасида аз баҳри бачаҳояшон мегузаранд ё бо баҳонаи душвории зиндагӣ тифлаконашонро ба «Хонаи бачаҳо» супурда бо ҳамин гӯё «қарз»-и падарӣ ва модарии худро адо мекунанд.

Ин тифлакон дур аз падару модар чӣ рӯзу рӯзгоре доранд?

Ҷустуҷӯи посух ба ҳамин савол моро ба Хонаи бачаҳои синни то мактабии №1-и пойтахт бурд. Вақте ки мо ба ин даргоҳ расидем, аллакай вақти хӯроки нисфирӯзии бачаҳо фаро расидаю кӯдакон бо сарварии мураббиёнашон гурӯҳ-гурӯҳ ба хӯрокхӯрӣ мерафтанд. Сарвари «Хонаи бачаҳо» Рукатмоҳ Мегниева  моро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта гуфт:

-Имрӯз дар Хонаи бачаҳои синни томактабии № 1-и шаҳри Душанбе 130 нафар кӯдакони аз синни 4 то 7- сола дар 12 гурӯҳ таълиму тарбия гирифта истодаанд. Албатта Ватан ҳамеша нисбати фарзандонаш ғамхору меҳрубон аст ва намегузорад, ки бачаҳо аз ягон ҷиҳат танқисӣ кашанд. Барои кӯдакон дар ин ҷо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст, ҷои хоби тозаву озода, сару либоси ба ҳама фаслҳои сол мувофиқ, чор вақт хӯроки гарм, бозичаву асбобҳои гуногуни таълимӣ, хулоса ҳам чиз доранд, ба бачаҳои мо танҳо як чиз намерасад-меҳру муҳаббати падару модар! Албатта мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро дар оғӯши гарми  худ бо меҳру муҳаббат фаро бигирем ва бо ин мақсад ҳатто муҳити хонаи бачаҳоро ба муҳити хона монанд гардонидем, аммо ҳазор кӯшиш кунем ҳам, ҷои модарро барои тифл дар дунё ягон кас гирифта наметавонад.  

-Ҳамаи тифлаконе, ки бо амри тақдир ба ин даргоҳ афтидаанд, ятиманд?

-Не, танҳо 17 нафарашон ятими кул ҳастанд. Гурӯҳи асосиро бачаҳои нимятим ташкил мекунанд, яъне падар доранду модар надоранд ё баръакс. Дар байни тарбиятгирандагони мо кӯдаконе низ ҳастанд, ки падару модаронашон зиндаву саломатанд, вале бо баҳонаи душвории зиндагӣ фарзандонашонро ба хонаи бачаҳо супурдаанд. Кӯдаконе ҳам дорем, ки волидонашон бемор ба дунё омадани фарзандашонро дида аз баҳри меваи ҳаёти худ гузаштаанд.  

-Барои модар ширинтар аз фарзанд дар дунё чизе нест, пас чӣ ҷавонзанҳоро ба он водор месозад, ки аз баҳри ин ганҷи бебаҳо бигзаранд?

-Аксари модароне, ки аз баҳри фарзандонашон мегузаранд ё бачаҳояшонро оварда ба хонаи кӯдакон месупоранд, бесавод, бекор, дар зиндагӣ роҳгумзада ва занҳое ҳастанд, ки бо сабаби рост наомадани ситораҳояшон бо шавҳар, хушдоман ё хоҳаршӯй хонавайрон шудаанд.

-Яъне, бибиҳо ҳам дар афтидани бачаҳо ба хонаи кӯдакон саҳм доранд?

-Оре, бадбахтона ҳамин тавр аст. Келинҳо ҷавонанд, ҷавон хоҳ-нохоҳ дар зиндагӣ хато мекунад, аммо модарон, хушдоманҳо, ки занҳои зиндагидидаанд, бояд сабур бошанд ва барои пойдориву устувории оилаи писар ё духтарашон бо тамоми вуҷудашон кӯшиш намоянд.

-Моҷарои келину хушдоман ба тақдири фарзанд ҳам бетаъсир намемонад гуфтаниед?  

-Аксарият хушдоман гуфта танҳо модари ҷавонро гунаҳкор менамоянд, вале ман  фикр мекунам, ки ҳам модари келин ва ҳам модари домод дар вайроншавии оилаи ҷавон баробар гунаҳкоранд. Модари арӯс ҳам бояд духтарашро ҳамеша панду насиҳат дода, сабур буданро дар пастиву баландиҳои пайроҳаи зиндагӣ талқин намояд.  Мо барои ин кӯдакон тамоми шароитҳоро фароҳам меорем, аммо ҷои меҳру муҳаббати падару модар, бибиву бобо, холаву амак, хуллас, ҷойи оила дар дилашон як умр холӣ мемонад. Магар ин кӯдакон фардо аз падар, модар ё бибиву бобоҳояшон намепурсанд, ки чаро ман дар хонаи бачаҳо ба воя расидам? Албатта мепурсанд! Он гоҳ бо кадом рӯ ба рӯи фарзанд ё набераашон менигаранд ва ба саволаш чӣ ҷавоб медиҳанд?!

-Шумо ба таълими бачаҳо бештар аҳамият медиҳед ё ба тарбияи маънавии атфол?

-Таълими бе тарбия асар надорад, бинобар ин бештар барои бой ва пурғановат гаштани дунёи маънавию вусъати ҷаҳонбинии бачаҳо кӯшиш мекунем. Кӯдакон дар ин ҷо ба варзиш машғул мешаванд, шеър азбар мекунанд, ба сайру саёҳат мераванд. Дирӯз ба тамошои Сирк дар об рафта буданд. Дар бозгашт чунон бо ҳарорат дар бораи барномаи рангини сиркӣ нақл карданд, ки ҳаваси мураббиён омад.  

-Одамони ба нохуни фарзанд зор дар ҷомеаи мо кам нестанд. Беҳтар нест, ки ин тифлаконро ба фарзандхонӣ диҳед, то соҳиби падару модарони меҳрубону ғамхор гарданд?

-Бо масъалаи фарзандхонӣ ба мо бисёр муроҷиат менамоянд, вале ин ҷо ду мушкилот ҳаст. Якум: синну соли бачаҳои мо аз сесола болост, яъне аллакай падару модари аслии худро мешиносанд. Бисёриҳо маҳз ҳамин чизро ба назар гирифта, мехоҳанд тифли то яксоларо ба фарзандхонӣ бигиранд, то кӯдак ба онҳо меҳру муҳаббат бубандад.

-Метарсанд, ки ин кӯдакон аллакай боақлаканд ва онҳоро ҳамчун падару модар қабул намекунаду шояд калон шуда волидони аслии худро меёбанд?

–Бале, аз ҳамин чиз ҳарос доранд, вале дар асл чунин нест. Бачаҳо табиатан бисёр зирак ва ҳассос ҳастанд, онҳо меҳру муҳаббати самимиро аз дурӯғ зуд фарқ мекунанд. Ба кӯдак муҳаббат бубахшед, сарашро бо меҳр сила намоед, ҳеҷ гоҳ падар ё модареро, ки ӯро партофта рафта буд, суроғ нахоҳад кард!

-Мушкили дигар дар он аст, ки на ҳама волидони кӯдаконашонро ба хонаи бачаҳо супурда аз баҳри фарзандашон мегузаранд. Бисёриҳо муваққатан, то беҳтар шудани шароити зиндагиашон фарзанди худро ба хонаи бачаҳо месупоранду баъдан омада мегиранд.

-Онҳо аз ҳоли бачаҳояшон тез-тез хабар мегиранд?

-Бархе хабар мегиранд, аммо дар баробари ин падару модароне низ ҳастанд, ки дар давоми як ва ҳатто ду сол як маротиба ҳам фарзандашонро суроғ намекунанд. Беҳтар мешуд, ки одамони хайрхоҳ чунин тифлаконро ба парасторӣ (опекунство) бигиранд. Барои некӣ кардан ҳатман ба фарзанди қабул кардани тифл шарт нест, метавон бо дилу нияти соф, бе ягон ғараз сари кӯдакеро сила намуд.

-Кӯдаконе, ки аз муҳити оила ба хонаи бачаҳо меафтанд, худро дар ин  ҷо чӣ хел ҳис мекунанд?

-Дар зеҳни чунин бачаҳо муноқишаҳои оилавии хонаводаашон сахт нақш бастаанд. Мо як бозӣ дорем, бо номи «Оила». Бачаҳо дар ин бозӣ дар бораи хонавода нақл мекунанд. Гоҳо нақлҳои кӯдаконро шунида ҳайрон мешавӣ. «Дадам фақат очаҷонма мезад» гӯён, падарашро гунаҳкор менамояд бачае, «бибим очама пеш кард, баъд очам гиря карда, дасти мана  гирифта хонаи бобом омад»,- чӣ тавр вайрон шудани оилаашонро бо дард ба ёд меорад бачаи дигар. Нақли пурдард ва ҳузни дар чашмони ин кӯдакон хона карда дили касро мефишорад ва беихтиёр мехоҳӣ фарёд бизанӣ: Кӯдак амонати худованд аст, эй одамон, ба амонати Худо хиёнат накунед!!!

 

Пас аз суҳбат бо сарвари хонаи бачаҳо мо бо шароити зисту зиндагии кӯдакон ошно шудем. Ҳуҷраҳои тозаву озода, катчаҳои бароҳат, хӯроки гарм, бозичаҳои рангоранг, қаламу коғаз, телевизор, мураббиёни меҳрубон, хулоса ҳама чизро доранд ин кӯдакон, вале эҳсос мешавад, ки қалбҳояшон ташнаи меҳри модар аст. Дар ҳама мавзӯҳо шеър медонанд: Ватан, байрақи Тоҷикистон, иди ғалаба, ваҳдат, соли нав, китоб, фаслҳои сол, аммо вақте дар васфи модар шеър мехонанд, чашмонашон барқ мезананд. Дар гурӯҳи русӣ як писарчаи тақрибан 4-5 сола шеъреро такрор ба такрор ва он қадар бо дард мехонд, ки дар чашмонам ашк ҳалқа заданд. Барои он ки кӯдакон оби дидаамро набинанд, бо баҳонаи серкорӣ бо онҳо ва мураббиашон хайрухӯш намудам.

Садои писарак раҳораҳ гӯё маро таъқиб мекард:

«Ты слышешь меня, мама?!!! Ту маро мешунавӣ, модар?!!!»

 Дар  фарҷом ин суханони сарвари хонаи бачаҳо Рукатмоҳ Мегниеваро бори дигар ёдрас мешавам, то ба ҳама падару модарон панд гардад: Кӯдакон амонати худоянд, Худо хиёнатро ба амонаташ  намебахшад!!!

 

Addthis: 
Автор: 
Фирӯза Сатторӣ

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>