Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парванда алайҳи Асламшо Султоншоев омӯзгори риёзиёи Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасановро, ки дар латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов муттаҳам мешавад, ба баррасӣ гирифтааст. Нахустин мурофиаи Асламшо Султоншоев, имрӯз, 10 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Сино баргузор шуд. Қазияи латукӯби Муҳаммадҷон Сулаймонов аз сӯи Султоншоев баъди нашри як навори 15 сониягӣ дар интернет вирди забон шуд. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад.
Addthis: