
Ба ин муносибат дар фурудгоҳи Исломобод ҳамчунин аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатии меҳмонони олимақом аст.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Покистон пагоҳ - 12-уми ноябр оғоз меёбанд.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар дар шаҳри Исломобод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусейн, инчунин бо дигар шахсони воломақом вохӯриҳо анҷом диҳад.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Сарвазири Покистон санадҳои бисёри танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ба имзо хоҳанд расид.
Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Покистон дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкории босамар ва ба миён омадани робитаҳои мустақим миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.