
Шоми 11 ноябри соли 2015 ҳайати бонуфузи Шўрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таҳти садорати муовини Раиси Шўрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Евгений Бушмин ҷиҳати таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овард.
Ин сафар дар доираи тафоҳумоти моҳи октябри соли 2014 зимни баргузории Форуми байнипарламентии Тоҷикистон – Россия: нерўи ҳамкориҳои байниминтаќавӣ дар шаҳри Москва миёни Раисони парламентҳо: Валентина Матвиенко ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳосилгардида сурат гирифта, мутобиќ ба он ҷаласаи Комиссияи байнипалатавии ҳамкорї байни Маҷлиси миллӣ ва Шўрои Федератсия доир мегардад.
Идома бар он нимаи дуюми 12 ноябр мулоќоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ин ҳайат сурат хоҳад гирифт.