Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Намоиши китобҳои Помир ва хӯроки шом дар шаҳри Душанбе

$
0
0

Пагоҳ, 12 ноябр дар Маркази Исмоилия, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт  намоиши китобҳо, консерти мусиқӣ ва фуршет (таъомхӯрӣ)  доир мешавад.

Тавре ки ба «Pressa.tj» аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Фонди Кристенсен хабар доданд, дар ин рӯз китоби «Санъати мусиқии Помир» , «Харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ»  мавриди рӯнамоӣ қарор мегирад.

Нашри асарҳои номбаршуда дар асоси ҷустуҷӯ ва таҳқиқоти васеи мусиқии анъанавии Помир ва омӯзишҳои бостоншиносӣ ба роҳ монда шудааст.  

Махсусан, «Санъати мусиқии Помир»-таҳқиқоти панҷҷилда буда, мусиқии касбии халқӣ, анъанаҳои рақсӣ  ва театри минтақавии  Бадахшонро  фаро мегирад.

Китоби «Харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ» бошад, қисми дуюми китоби дуҷилда аст, ки ба таърихи ёдгориҳои бостоншиносӣ, бозёфтҳо ва усулҳои ҳифзи ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ, ки дар кӯҳистони Помир дарёфт шуданд, бахшида шудааст.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles