
14 ноябри соли 2006 аввалин муҳоҷирон аз минтақаи Кӯлоб барои зисти доимӣ ба шаҳри Турсунзода кӯчонда шуданд. Онҳоро намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳои марбута, раисони шаҳру ҷамоатҳо ва дигар сохторҳо пешвоз гирифтанд.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 75 дар давоми сол мебоист беш аз 1000 оила аз шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъву Темурмалик, Ховалингу Муъминобод, Шӯроободу Ҳамадонӣ ва Фархор, ки ҳар сол бар асари селу дигар офатҳои табиат зарари ҷонию молии зиёд медиданд, дар деҳоти наздисарҳадии кишвар бо қитъаҳои замини истиқоматӣ ва киштбоб таъмин мегардиданд.
Аз он рӯз ҳашт сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат беш аз 800 оила муқими Турсунзода гардид. Ин оилаҳо дар ҷойи нави зист худро чӣ тавр ҳис мекунанд? Мардуми таҳҷоӣ бо онҳо чӣ гуна муносибат дорад? Оё масъулон ба ваъдаҳояшон вафо кардаанд? Барои ёфтани посух ба ин пурсишҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода рӯ овардам.
- Дар ноҳияи мо дигар мафҳуми «муҳоҷирони дохилӣ» вуҷуд надорад. Ҳама регарӣ шудаанд, - изҳор карданд дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода. – Роҳбарияти шаҳру ҷамоатҳои деҳот дастуру супоришҳои ба зиммаашон вогузоршударо пурра иҷро кардаанд. Ба қадри имкон дар ҳалли камбудиҳояшон мусоидат намуда истодаем.
- Муҳоҷирон аз 14 ноябри соли 2006 то 31 октябри соли 2007 дар деҳаҳои Ваҳдату Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Навобод ва деҳаҳои Меҳргону Пахтабойи Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият» маскун гардидаанд, - иброз дошт Исломбек Ғарибмамадов, муовини сардори Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолии шаҳри Турсунзода. - Тибқи Қарори № 75-и Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳар як оилаи муҳоҷир 8 сотихӣ замин, қарзи имтиёзнок ба маблағи 2,5 ҳазор сомонӣ ба номи сардорони оилаҳо тавассути шуъбаи «Амонатбонк» пардохт гардид. Онҳо мувофиқи қарордод то 10 сол ҳуқуқи фурӯхтани заминҳояшонро надоранд. МБТИ ва идораи нотариус вазифадор шуданд, ки фурӯши ин заминҳоро ҳуҷҷатгузорӣ накунанд...
Аз суҳбат маълум шуд, ки айни замон дар деҳаи Ваҳдат 87 оила аз шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва 123 оила аз ноҳияи Данғара, дар деҳаи Истиқлол 231 оила аз ноҳияи Восеъ ва 88 оила аз ноҳияи Шӯрообод, дар деҳаҳои Меҳргон 86 оила аз ноҳияи Темурмалик, 45 оила аз ноҳияи Фархор, 65 оила аз ноҳияи Ховалинг, 75 оила аз ноҳияи Муъминобод ва дар деҳаи Пахтабойи Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият» 197 оила аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ хона бунёд карда, муқимӣ шуданд. Дар солҳои аввали будубош бо роҳхати раёсати агентӣ 237 нафар муҳоҷир бо кор таъмин гардида, дар пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳанг ва кишоварзию саноати шаҳр саҳм мегузоранд.
- Оре, муҳоҷирони вилояти Хатлон ба шароиту иқлими Турсунзода мутобиқ гардида, ба мушкилоти мардумони таҳҷоӣ шарик шудаанд, – идома дод суҳбатро раиси Ҷамоати деҳоти Навобод Файзалӣ Турсунов. – Таъминот бо оби ошомиданӣ тибқи реҷа аст, ҳоло имкон надорем, ки ба ҳар як ҳавлӣ хати алоҳидаи обрасон гузаронем. Обёрии заминҳои кишт мушкил аст. Барои ин аз канали Чиртак об баровардан лозим меояд. Таъминот бо барқ аз рӯйи лимит сурат мегирад.
Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Навобод барои муҳоҷирон шароити муътадили кору зиндагӣ фароҳам аст. Аҳолӣ аз хизматрасониҳои бунгоҳи тиббии муосир, марказҳои савдо, майдонҳои варзишӣ, мактаби ҳозиразамон, хати обрасон, барқ, роҳҳои мошингард истифода мебарад. Ҳангоми ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 73 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардумро даъват кард, ки мушкилоти мавҷударо бояд дастаҷамъона ҳал намоянд. Ҷаноби Олӣ ҳамзамон муҳоҷиронро таъкид намуд, ки онҳо дар деҳоти наздисарҳадӣ симои миллатро муаррифӣ мекунанд. Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои расидан ба ин ҳадаф тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд.
Аммо аз теъдоди оилаҳои дар қарори № 75 муқарраргардида то имрӯз ҳамагӣ дар шаҳри Турсунзода 800 оила муқимӣ шудаанд. 200 оилаи дигар бо сабабҳои номаълум муҳоҷиратро ихтиёр накардаанд. Масалан, ба Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлол» 41 оила то имрӯз қадаме наниҳодаанд. Баъзе оилаҳо дар қитъаҳои замини гирифтаашон аз лой нимдевор бардошта ё аз бетон таҳкурсӣ рехта, бо ҳамин ба ноҳияҳои худ баргаштанд. Сокинони деҳаи Меҳргон Муҳиддин Шамсов, Раҳимхон Бобоев, Гулистон Зоирова як сабаби наомадани онҳоро дар набудани шароити мусоиди зист барои муҳоҷирон медонанд.
- Аз нахустин муҳоҷиронем, ки ба ин ҷо омадем. Дар марҳилаи аввал аз мададу дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, вазорату кумитаҳо бархурдор будем, - мегӯяд Муҳиддин Шамсов. – То оғози мавсими боришот сарпаноҳ сохтем. Батадриҷ хати барқ кашиданду мисли мардуми таҳҷоӣ неруи барқро аз тариқи лимит истифода намудем. Ин ҷо мушкили асосӣ камобист, ки мо онро аз ҳамсоядеҳа кашида меорем. Аксари нуктаҳои қарори № 75 соли ҳаштум аст, ки иҷро нашуда истодаанд. Айни замон, на мағоза дорему на роҳу гузаргоҳҳои асфалтпӯш. Дар бобати ҷудо карда додани хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки мо ба он хеле ниёз дорем, ҳоҷат ба гап нест. Аз мушкилоти муҳоҷирон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, вазоратҳои энергетикаю нақлиёт ва кумитаҳои дахлдор воқифанд, вале ба ягон арзу шикоят эътибор намедиҳанд.
- Барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани муҳоҷирон бояд аз ҳисоби маблағгузориҳои лоиҳавӣ 4 миллион сомонӣ ҷудо мешуд, вале аз он то ҳанӯз дарак нест, - ёдрасон шуд раиси Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият» Ҳабибулло Муллоев. – Муҳоҷирон гумон доранд, ки ҷамоат ба қисмати онҳо бепарвоӣ зоҳир менамояд. Дар асл ин тавр нест. Мо ҳам борҳо аз вазъи мушкилоти муҳоҷирон ба мақомоти боло хаттӣ муроҷиат намудаем, аммо натиҷаи дилхоҳ надода истодааст.
- Мо мефаҳмем, ки ҳалли мушкилоти рӯзгори мо, муҳоҷирон кори осон нест. Аммо ба ваъда вафо бояд кард, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд сокини деҳа Раҳимхон Бобоев. – Мо барои кушодани оби корез 7 сол пеш аз ҳисоби худ маблағ ҷамъ карда, бо чуқурии 80 метр чоҳ кандем. Вале барои кашидани хати обрасон маблағ камӣ кард, ки кор нотамом монд. Ёдрас мекунам, ки трасформаторро ҳам дар ҷойи пастӣ насб карданд, ки ин дар рӯзи селу боришот хатарнок аст. Кормандони ширкати «Барқи Тоҷик» ин симчӯбҳоро низ саросема насб кардаанд. Ҳар боре ки шамол сахт вазад, гумон мекунем чаппа мешаванду боиси ягон фалокат мегарданд.
- Мо дар масъалаи гирифтани қарзи дарозмуддат барои сохтмон душворӣ кашида истодаем, - арз намуд Гулистон Зоирова. - Дар бонк шартҳое мегузоранд, ки кас раҳгум мезанад. Ниҳолҳои шинондаамон аз беобӣ мехушканд. Обчакорӣ карда наметавонем. Мехоҳем мисли мардуми таҳҷоӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ барпо намоем, лек ҷамоат дар ин масъала бетарафиро ихтиёр кардааст. Умед дорем, ки масъулон ба доди муҳоҷирони хатлонӣ дар шаҳри Турсунзода мерасанд.
Муфассал дар шумораи навбатии «Тоҷикистон» мутолиа намоед