
Имрӯз сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.
Нимаи аввали рӯз меҳмони олиқадрро дар «Қасри миллат» Презеденти ҶТ Эмомалӣ Рахмон пешвоз гирифт. Баъди қабули расмӣ ва садо додани Сурудҳои миллии ду кишвар сарвазири Ҷопон ва Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ қарор дошта, аз мӯҳтавои он ва натиҷаи мулоқоти сарони давлатҳо баъди анҷоми вохӯрӣ хабар хоҳем дод.
Ёдовар мебояд шуд, ки ин аввалин сафари расмии Синдзо Абэ ба Тоҷикистон мебошад.
Ҷопон Истиқлолияти Тоҷикистонро аз моҳи декбри соли 1991 пазируфта, муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз 2 феврали соли 1992 оғоз шуданд. Айни замон, наздики 30 санади ҳамкории дуҷониба муносибатҳои ду кишварро ба танзим медароранд. Дар сафари имрӯза низ қарор аст як чанд санаду қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.