Имрӯз собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай баъд аз боздид аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ба шаҳри Норак ташриф овард.
Собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳайати меҳмонони афғонро мардуми шаҳри Норак бо гулдастаҳо ва шеърҳои ватандӯстона пешвоз гирифтанд.
Зимни сафар меҳмонон боздидро аз обанбори НБО «Норак» оғоз карда, баъдан ба маркази идоракунии он омаданд. Ҳайати меҳмононро масъулини неругоҳ бо таърихи ташаккул ва сохтмони он шинос намуда, дар бораи фаъолияти мунтазами неругоҳ маълумоти пурра доданд. Ҳомид Карзай, собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки ду рӯз боз дар Тоҷикистон меҳмон аст, дар китоби ёддоштҳои НБО «Норак» таассуроти худро баён кард.
Addthis: