Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Душанбе васеъ мешавад, аз ҳисоби Рӯдакӣ

$
0
0

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди пойтахтро васеъ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар як ҷаласа шаҳрдорӣ таъкид кардааст, ки 1 ҳазору 111 гектар замин аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе гузаронда мешавад. Шаҳрдории Душанбе қасд дорад, ки дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як ноҳияи дигар ташкил шавад.

Ин заминҳо ҳанӯз моҳи апрели соли 2003 бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 386 аз истифодаи ноҳияи Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди пойтахт зам шуда буд. Барои истифодаи муваққатӣ дар ихтиёри ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошт. Дар шаҳрдорӣ мегӯянд, ки “заминҳо барои истифодаи муваққатӣ, бе ҳуқуқи сохтмонҳои капиталӣ ва шинонидани дарахтони дарозумр ба ноҳияҳои атрофи пойтахт вобаста шуда буданд ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №73 аз 31 январи соли 2006 “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе” дар ин заминҳо шинонидани дарахтони бисёрсола маън карда шудааст”.

Аммо дар шаҳрдории Душанбе аз он нигаронанд, ки “заминҳои зикршуда ғайриқонунӣ ва беинобати талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва розигии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раисони ноҳияҳои муваққатан заминистифодабаранда - Рӯдакӣ ва Варзоб ғайритаъинот истифодашавии заминҳо роҳандозӣ карда шудааст, ки оқибатҳои нохуби ҳуқуқӣ доранд”.

Ҳамчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазъи муросонопазири истифодашавию нигоҳдории 2 ҳазору 381 гектар қитъаи замини ҳудудҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб, ки бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон №382 аз 30 декабри соли 1983 барои васеъкунии ҳудуди қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардида буданд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Шаҳрдори Душанбе бо содир кардани як қарор дастур додааст, ки то 28-уми ноябри соли ҷорӣ барои таъсис додани як ноҳияи нав дар қаламрави пойтахт тамоми ҳуҷҷатгузориҳо ба анҷом расонида шаванд.

Тавре пештар хабар дода будем Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таъсиси як Комиссияи кории Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар  пойтахт дастур додааст аз ҳисоби ҳудуди ноҳияи Сино як ноҳияи нав дар шаҳри Душанбе ташкил карда шавад.

Ин Комиссия вазифадор шудааст, ки “тибқи банди 4 замима ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мактуби тавзеҳӣ, тасвири  сарҳад  ва   нақшаи   шаҳрро   бо  тарҳи   сарҳади  ноҳияи навтаъсисёбанда дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута ва мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣомода ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди асоснокро ирсол намояд.”

Шаҳри Душанбе соли 1924 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони Советӣ ташкил ёфта, айни замон дар ҳудуди он 4 ноҳия: ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ, ноҳияи Сино ва ноҳия Шоҳмансур амал мекунанд.

 

Тегхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>