
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз дастгир шудани боз як ҷинояткори дигар хабар дод.
Акмал Охонов сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, маълумоташ миёна буда, дар ягон ҷо фаъолият намекард, ба боварии хатмкардаи мактаби миёна - Самандаров Шоҳҷаҳон даромада, барои дохил кардан ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дар аввал 5000 (панҷ ҳазор) доллари амрикоӣ талаб мекунад.
А. Охонов, худро «дорои шиносҳои зиёд» дошта муаррифӣ карда, ба боварии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Мамадҷонов Обидҷон даромада, ваъда медиҳад, ки ҷиянаш Шоҳҷаҳон Самандаровро на танҳо ба Донишгоҳи тиббӣ, балки ба дилхоҳ донишгоҳ ҳам дохил карда метавонад. Танҳо маблағашро пешпардохт намоянд. Ба ғайр аз 5000 ҳазор доллар боз бо маблағи 10500 сомонӣ талаб мекунад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ Охонов Акмал ҳангоми гирифтани маблағи иловагии талабнамудааш дастгир гардид.
Охонов Акмал Бахтиёрович тибқи моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ва ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 (ҳашт) сол бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.