
Мақомоти Русия нисбат ба марги муҳоҷири панҷмоҳаи тоҷик Умар Назаров парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.Расонаҳои Русия навиштаанд, ки прокурор ва Кумитаи тафтишотии минтақаи Адмиралтейскийи шаҳри Санкт-Петербург бар асоси моддаи 109 ("аз беэҳтиётӣ ба марг расондан", “Причинение смерти по неосторожности”)-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳқиқи марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷикро пеш мебаранд.Дар ҳамин ҳол пайвандони Умар Назаров мегӯянд, бо гузашти 3 рӯз то ҳол натавонистаанд ҷасади писарашонро аз сардхона бигиранд. Ба гуфтаи онҳо мақомоти Русия аз шарҳи қазия худдорӣ карда, ҷасади Умари 5-моҳаро низ ба онҳо намедиҳанд. Нозирони Хадамоти иҷтимоӣ ва ниҳодҳои беҳдошти шаҳри Санкт-Петербург субҳи 20-уми октябр ба хонаи Рустам ва Заррина, волидайни Умар Назаров рафта, шароити зисти онҳоро таҳқиқ кардаанд. Ҳоло баъзе аз ниҳодҳои Русия талош доранд, ки марги Умари панҷмоҳаро ба вазъи бади санитарии манзили зисти волидайнаш рабт диҳанд. Қаблан, мегуфтанд, ки ин тифл бар асари инфексияи шадиди респераторӣ аз олам даргузаштааст, вале пайвандони Умар гуфтаанд, ки вай солим буд ва ҳарчанд норасид ба дунё омад, вале вазнаш комилан мувофиқи меъёр буд.Умар Назарови 5-моҳа 13-уми октябр дар боздоштгоҳ ба ҳалокат расид. Мақомоти Русия дар ноҳияи Адмиралтейскии шаҳри Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Рустам Назаров ва Заррина Юнусоваро бо баҳонаи он, ки гӯё қонуни будубоши ин кишварро нақз карда бошанд, боздошт мекунанд. Ҳамроҳи онҳо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Рустамович Назаров низ зиндонӣ мешаванд. Тифли панҷмоҳаро аз модараш ҷудо мекунанд.Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ хабар дода буд, ки қазияи марги Умар Назаровро зери назорат гирифтааст ва онро пайгирӣ мекунад. Намояндаи Сафорати Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳоло ба Вазорати корњои хориҷаи Русия нома ирсол кардааст ва дар он хостори дахолат дар таҳқиқи қазияи марги тифлати панҷмоҳаи тоҷик шудааст.