Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Дмитрий Медведев  ба Душанбе меояд

$
0
0

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ 30-юми октябри соли равон ба Душанбе меояд.Дар бори сафари Дмитрий Медеведв ҳукумати Федератсияи Русия расман иттилоъ додааст. Раҳбарони ҳукуматҳоир кишварҳои аъзои ИДМ дар Душанбе ҳудуди 30 масъаларо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.Аз ҷумла сарварони ҳукуматҳо дар бораи масъалаҳое чун таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва башардӯстона табодули афкор мекунанд ва татбиқи низомномаи Муоҳада дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ аз 18-уми октябри соли 2011-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар назар аст дар ин ҷаласа нақшаи чорабиниҳо дар иртибот ба таҷлили 25-солагии таъсиси ИДМ, ки соли 2016 баргузор мешавад, тасдиқ шавад.  Имзои чанд санад аз ҷумла дар бораи шартҳои амалисозии ҳисоббаробаркунӣ миёни операторон дар хизматрасонии алоқаи байналмилалӣ дар кишварҳои узви ИДМ ва ворид намудани тағйироту илова ба чанде аз шартномаву қарорҳои дар доираи ИДМ, ки қаблан қабул шуда буданд, ба нақша гирифта шудааст.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>