Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Як милиса ду милисаро паррондааст

$
0
0

Дирӯз  дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара миёни 3 милиса  муноқиша рух дода, як тани онҳо бо тири туфангча ҳамкасбони худро куштааст.

Ин хабарро дар Исфара таъйид карда ва гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан соати 11-и рӯзи душанбе дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, ҳаммарз бо Қирғизистон, рух додааст.

Бино ба иттилои манобеъ, маъмурони милисаи кушташуда -- Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров будаанд. Ҷасади Сафаров дирӯз дар зодгоҳаш Исфара ба хок супорида шуда, ҷасади Шехназаров ба зодгоҳаш - ноҳияи Мастчоҳ интиқол ёфтааст. Сабаби муноқиша ва тирпаронӣ маълум нест ва мақомот то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>