Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

“Қаҳрамон”-и навор ошкор шуд

$
0
0

Омӯзгоре, ки дар як навор донишомӯзро мавриди латукӯб қарор дода буд, шиносоӣ карда шудааст.

Як манбаъ аз вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  гуфт, ин омӯзгор дар  мактаб-интернати тамоюли варзишӣ дарс мегӯяд.

Дар Вазорати маориф ва илм аз ин омӯзгор ном набурданд ва илова карданд, ки ин қазия аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе қарор дошта, омӯзгор барои баёнот гирифтанд ба ин ниҳод даъват шудааст.

Дар наворе, ки 9-уми октябр дар шабакаҳои интернетӣ пахш шуд, дида мешавад, ки омӯзгоре донишомӯзро азият медиҳад. Аз он рӯз инҷониб вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи шиносоӣ кардани ин омӯзгор буд.

Баъд аз як ҳафтаи пахш шудани ин навор Прокуратураи шаҳри Душанбе низ ба он таваҷӯҳ карда, дар пайи шиносоӣ кардани ин омӯзгор буданд.

Қаблан бо нашри ин навор вазорат аз шуъбаҳояш дар шаҳру ноҳияҳо хоста буд, ки шахсияти ин омӯзгор ва мактабро шиносоӣ кунанд. Инчунин навори латукӯби хонандаро ба тамоми донишгоҳ ва коллеҷҳо низ ирсол карда, дархсоти муайян кардани “қаҳрамон”-и навор шуда буд.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>