
Мавсими дуюми мусобиқа дар лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дастаи “ДИСИ Инвест” пеш аз муҳлат унвони Чемпиони имсолаи лигаро мушарраф гардидааст. Аммо часпу талош барои ҷойи дуюм ва медалҳои нуқра байни дастаҳои “Соро компания” ва “Газпром” идома дорад. Дар ин ҷода муваффақият бештар ба ҷониби “Соро компания” майл дорад. Агар ин даста вохӯриашро 25 октябри соли равон бо дастаи аутсайдери “Самандар” бой надиҳад, метавонад мавқеи дуюми мусобиқаи имсоларо соҳиб шавад.
Addthis: