Тавре иттилоъ дода будем, 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии ниҳоии дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) - “Ҷохор Дарул Такзим» (Малайзия) барои дарёфти Ҷоми КФО-2015 баргузор мешавад. Ба вохӯрӣ ҳайати доварон аз Ҷопон таҳти роҳбарии сардовар Тоҷо Минору таъин шудааст.
Ғолиби вохӯрии мазкур бар замми дарёфтани Ҷоми КФО-2015 бо маблағи 350 ҳазор доллар мукофот мегирад.
Addthis: