Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Мӯъмин Қаноат: Айтматов пантуркист буд

$
0
0

 Мо Роғунро месозем

«Моро қабул мекарда бошад?». Ду шоир ва мани хабарнигор ба манзили ӯ наздик мешавем. Инсоне, ки имрӯз мо қасди дидан дорем, ягон марди бадҳайбату ҷангҷоливу мансабдору… нест, ӯ як шахсест резапайкар, аммо бо сухан, ки онро «қудрати ҷонофарин бояд»,  дунёро тасхир кардааст. Ӯро дар тамоми собиқ Шӯравӣ дар баробари шоири қавӣ буданаш, чун шахсияти сиёсатмадору дипломат, дар Эрону Афғонистон чун вомдори адабиёти муосир ва дар Тоҷикистон баъди Турсунзода, чун «соҳиби» адабиёту адибон мешиносанд. Ҳа, дуруст фаҳмидӣ мо қасди дидани   шоири халқии Тоҷикистон, сарҳанги шеъри муосир Мӯъмин Қаноатро дорем…

Аслан мо одат кардаем, ки дидорбинӣ дар ягон маврид равем. Масалан мавлуд, чопи китоби нав, гирифтани ягон унвон... аммо ҳозир бе маврид, бе хабаркунии пешакӣ, мехоҳем Қаноатро бинем. Чаро? Ким! Надонам, диламон хост омадем! Аммо чӣ баҳона пеш оварда, вориди хонааш шавем, намедонем… Дарро устод худашон кушоданд. Ғур-ғур карда, баҳонае  пеш оварда, ба хонаашон даромадем ва наздики 3 соат суҳбат кардем…

Суҳбатамон мавзӯи муайян ва меҳвари мушаххас надошт. Аз гап гап мебарояд гуфтагӣ барин, атрофи чанд мавзӯъ суҳбат кардем, ки фишурдаи он парокандасуҳбат, аслан пароканда “чақ-чақ” бо устод Қаноатро пешкаши шумо мекунем. 

Аз маҷмааи «Ваҳдати Миллӣ» даст кашидам, чаро ки…

Рӯйи мизи устод қоғазу қалам ва  китобу дафтар титу парешон, ёдам омад, ки  чанде пеш гуфта буданд, достоне менависанд дар бораи «Бурҷи мелод»-и Эрон.   

-Чанде пеш гуфта будед, ки дар бораи «Бурҷи мелод»-и Эрон достоне менависед. Аниқтараш эрониён аз шумо достоне сари ин мавзӯъ хостаанд. Онро ба охир расонидед?

-Материалҳоро ҷамъ кардам, болояш кор кардаистодаам, ин бисёр чизи ҷиддӣ аст...

-Ба ғайри шумо шоиронамон ба достон ва умуман ба жанрҳои хамосӣ  кам таваҷҷӯҳ  доранд. Чаро?

-Мушкил аст! Мавзӯъро бисёр омӯхтан, донистан ва ёфтан лозим. Ин мардум аз рӯйи эҳсос менависанд, як чизи хушк. Дамидани субҳу садои булбулу ким чиҳо… дар вай на таърих асту на чизи дигар.

-Воқеан Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро  дар 30 сол навишт. Худи шумо ҳам чӣ тавре дар суҳбатҳоятон қайд кардаед, “Суруши Сталинград”-ро чандин сол омӯхтеду баъд чунин як асри ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Аммо достони охиратон “Масъуднома”  дар фосилаи ками вақт навишта шудаасту мардум онро хуб пазируфтанд ва ҳоло онро чун яке аз асарҳои гаронарзиши солҳои охир арзёбӣ мекунанд.

-Дуруст, ки “Масъуднома”-ро дар муддати ками вақт навиштам. афғонҳо ва сафорати Афғонистон маро саросема карданд. Маҷбур шудам, ки аз баҳри як боби “Масъуднома” гузарам. Ҳанӯз ҳам фикр мекунам, ки ҷойи он боби мадди назаршуда холист. Намехоҳам дар навиштани достони “Бурҷи мелод” аҷала кунам, чун ин як асари ҷиддӣ бояд бошад. "Бурҷи мелод», бузургтарин бурҷ аст, ки дар дунё гунааш нест. Ин муъҷиза аст. Ҳар моҳ сафорати Эрон мепурсад. Расму маводҳояшро фиристоданд. Ман қисматеашро навиштам. Акнун, як бист рӯзи дигар ба ман лозим, ки як ҷо танҳо бошаму кор кунам.   Оромӣ лозим, ки фикрам танҳо ба ҳамин банд шавад.

-Охир ба ягон бӯстонсароятон равед.

- …

-Доштагистед, ягон бӯстонсоро – мӣ, истироҳатгоҳ- мӣ?

-Ман ҳеҷ чиз надорам, дар ягон ҷо, ҷуз ҳамин хонаам, ки бо маблағи ЛитФонди Шӯравӣ сохта шуда буд. Як бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон ҳаст, ки ҳозир валангор  аст. Як бинояшро таъмир кардем, ки ҷойи мардуми бегона шудааст. Қисмати дигарашро ҳам месозем,  камтар пул ёбем.

-Шумо дар Дарвоз як замон  китобхона сохтед…

-Китобхона, осорхона,   як комплекси калон. Дарвоз ҳозир хело обод шуд.  Ба наздикӣ Президент биноҳои бисёр зеборо кушод. Мисол, маҷмааи “Модар”, ки назираш дар дигар ҷой нест, бисёр зебост.

-Чанде пеш як гурӯҳ маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» пешниҳод кардеду лоиҳаи Шумо тасдиқ шуд. Сохтмони ҳамон маҷмаа  кай оғоз  мешавад?

 -Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» бисёр хушрӯ асту аз ҳад зиёд қиммат, бинобар  қимматиаш сохтмонаш таъхир шуд. Баъдан ҷое, ки мо мехостем, надоданд. Мо майдони холии паҳлӯи Амфитеатрро хостем, чун он ба марказ наздик аст. Ҳамон Амфитеатри сохтаашон бе ин ҳам, беҳуда монд.

-Сохтмони паҳлӯяш ҳам чаппа шуда буд- ку?

-Туркҳо фиреб додандашон. Хостанд, ки мисли амфитеатрҳои юнонӣ созанд, аммо нашуд. Пулро гирифтанду гурехтанд. Ман гуфтам, ки замини паҳлӯи  ҳамонро ба мо  диҳед,  ки хисороти он маҷмааи вайронаро барорем, аммо рад карданд. Ман даст кашидам. Дар куҷое хоҳанд, сохтан гиранд…

-Ҳа, гап дар бораи Амфитеатр рафт. Ёдатон ҳаст, гуфта будед, ки дар Карони Дарвоз нишонаҳои амфитеатрро пайдо кардед. Албатта, ин гуфтаи Шумо пасон боиси баҳси думболадори муаррихон гардид. Ба  ҳамин масъала  рӯшанӣ меандохтед.

-Ҳаст, амфитеатр. Он ҷо мардум ҷамъ мешуданду баромадкунандаро тамошо мекарданд. Ҳоло боз чизҳои бисёр аҷиби дигарро пайдо кардем. Маркази Кайҳоншиносӣ ёфтем, дастгоҳи кайҳоншиносӣ пайдо кардем, ки вақту замонро чен мекунад.

-Устод, солҳои охир Шумо пурра бо омӯзишу пажуҳиши таъриху фалсафаи шаҳри Карон машғулед. Пажуҳишҳои Шумо ба он овард, ки шаҳри Карон диққати бостоншиносонамонро ҷалб кунад ва ҳатто Юсуфшоҳ Яъқубов чанд муддат аст, ки он ҷо ҳафриёт мегузаронанд. Мавҷудияти ин шаҳр, миёни таърихшиносон ва ВАО баҳси зиёдеро ба бор овард ва ин баҳсҳо то ҳол идома доранд. Бигӯед, ки тақдири имрӯзаи Карон чӣ гуна аст?

-Шаҳри Карон аз тарафи комиссияи байналмилалӣ ҳамчун шаҳри қадимтарини Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.  Олимони русу аврупоиву амрикоӣ ва эрониву ватанӣ тавсия доданд. Акнун ҳамаи инро якҷоя карда, ба ЮНЕСКО мефиристем. Агар Карон ба феҳристи ЮНЕСКО дароварда шавад, нигоҳдорӣ, маблағгузорӣ ва бозсозиашро онҳо ба дӯш мегиранд. Ҳозир дар ин марҳила ҳастем.  Пештар Саразм ба тақвими ЮНЕСКО даромада буд.

-Саразм қадимтар аст ё Карон?

-Аз ҷиҳати синну сол, Саразм, аммо аз ҷиҳати маънавиёту фарҳанг Карон қадимтар аст. Ин тамаддун (тамаддуни Карон) Зардушро ба вуҷуд овард. Аввалин оини яктопарастиро офарид. Андешаи ин навтар аст. Тамаддуни Саразм аз чӯпониву молдорӣ ба кишоварзиву тиҷорат пой гузошт, ҷаҳишашон дар касбу кор пеш рафт, аммо Карон зинаҳои баланди тамаддун ва маънавиёту илмро фатҳ намуд.

Ҳозир ҳам дар бораи ин шаҳр барои газетаи шумо як мақолаи ҷиддӣ навишта истодаам, ки ба наздикӣ ба итмом мерасонам...

Чингиз Айтматов мехост Туркистони бузург созад

-Як замон як фонди бонуфузи байналмилалӣ буд, ки Шумо аз Тоҷикистон намояндаи он буд. Фонди «Диалог...»

-«Диалог Евроазия».

-Ҳа, «Диалог Евроазия». Ҳозир он фонд чӣ ҳол дорад, шумо ҳоло ҳам аъзои он ҳастед?

-Намоянда аз Тоҷикистон дар «Диалог» ман будам. Маркази асосиаш Туркия буд. Дигар, Қазоқистон Қирғизистон, Ӯзбекистон Тоҷикистон, Молдовия. Пасон давлатҳои дигар ҳамроҳ шуданд. Аввал аз Тоҷикистон танҳо будам, баъдан як нафарро ҳамчун тарҷумон гирифтам. Солҳои баъдӣ Меҳмон Бахтиву Маҳмадшо Илолов ҳамроҳ шуданд. Баъди инҳо ман изҳорот дода, аз аъзогӣ даст кашидам.

-Чаро?  

-Модари Президенти Гурҷистон, Саакашвилиро ( Гиули Аласания, профессор, туркшинос, фарҳангшинос ва сиёсатмадор-О.Н.), аъзои Ҳаракати якдилии «Диаолог» карданд. Мо даъво кардем, ки ин ҳаракати таърихӣ фарҳангӣ аст, бароӣ чӣ ин зани сиёсатмадори шайтонро, ин ҷо ҳамроҳ мекунед. Гапи маро гӯш накарданд. Ман, Олжас Сулаймонов ва чанд нафар эътироз карда баромадем. Фақат Чингиз Айтматов монду дар ҳамин роҳ қурбон шуд. Аслан  Чингиз Айтматов дар ҳаракати пантуркистӣ қурбон шуд. Мехост Туркистони бузург эҷод кунад.

-Дуруст мутаваҷҷеҳ нашудам, равшантар гап занед. Айтматов пантуркист буд?

-Бале, вай аввал интренатсионалист буд, аммо  баъди он чизе ба сараш омаду хост Туркистони бузург созад. Мо чанд бор гуфтем, ки Туркистони бузург месозӣ, бигӯ, ки гузаштагони ҳамон тамаддун киҳоянд? Як худат ҳастӣ, ки забонат русист, ҳуқуқи даъво надорӣ. Дар Тошканд як маҷлис шуду устод Муҳаммад Осимӣ рафтанд ва Чингиз баромад карда гуфтааст, ки бояд мардуми Осиёи Марказӣ  дар як блок муттаҳид ва якҷоя шаванд бо фарҳангу забони ягона. Осими хеста гуфтаанд, ки мо кӯшиш карда истодаем, ки мардуми ин минтақа ором истад ва манфиатҳоямонро ба ҷаҳон муаррифӣ кунем, оҳанги миллӣ ва қавмӣ ба ин бояд надиҳем. Бисёр миллатҳое ҳастанд, ки таърихи ҷавон доранд. Мисли шумо- қирғизҳо. “3 ҳазор сол дар Осиёи Марказӣ кадом қавм мезист?- мепурсанд Осимӣ. - Туркистони бузург сохтанат чӣ маъно дорад? Киро ҷамъ мекунӣ, Туркияро?  Наметавонӣ! Чун ахлоқу маънавиёт, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги онро Ҷалолиддини Румӣ ва  Шамси Табрезӣ сохтаанд, ки ҳарду тоҷиканд. Яке аз Балху дигаре аз водии Вахш. Фирдавсӣ ва Ҷомиро чӣ кор мекунӣ? Ба ту, ба муқобили ин гуна фарҳанг ҷаҳиш мумкин нест! Гапи Осимиро гӯш накарданд. Касе ҳатто дар маҷлис гуфтааст, ки Шумо аз мавқеи маҳалпарастӣ баҳо додед… Осимӣ ҷавоб додаанд, ки Шумо кӯшиши қавмиву қабилавӣ доред. Мо якҷоя меҷангидем, зери байрақи як дин-Ислом ва як мазҳаб…

-Суҳбатамон то Ислом расид. Умуман Шумо чӣ фикр доред, Ислом ба фарҳанги мардуми тоҷику форс чӣ дод?

-Як бори дигар ҷаҳони гуногунзабонро ба зери парчами худамон овард. Барои ҳамин мо инро қабул кардем. Муҳити гуногунзабонро ба ҳам овард ва халқҳои гуногунро зери таъсири фарҳанги мо тобеъ намуду ва ҷаҳонӣ кард. Мо ҷаҳонӣ будем, аммо боз ҳам ҷаҳонӣ шудем, бо фалсафаи нави Қуръонӣ, яъне дини ваҳдонии нав.

-Яъне фоида кард?

-Ҳа, фоида кард! Мо баъдан зери ин парчам тамаддунамонро то Кашмиру умуман тамоми ҷаҳон паҳн кардем. Ана,  имрӯз ҳам мо бояд фарҳангу тамаддуни худро ҷаҳонӣ кунем, аз рӯйи тамаддуни замон, аз рӯйи маърифати замон, аз рӯйи талаботи сиёсӣ, ки ҳам худамонро дифоъ кунем ва ҳам фарҳангамонро ҳимоя кунем ва  ба ҷаҳониён гӯем, ки мо дорем!

-Ана, ҳамин дар назди ҷаҳониён муаррифӣ ё баромад кардан ё ба қавли Шумо «Мо дорем!» гуфтан, ба воситаи адабиёти қавӣ сурат мегирад. Мегуфтед, ки шеъри 20- 30 соли охири мо,  мо ягон чиз дорад, ки ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем?

-Ба мисли он ки дар шеър навгонӣ дорем. Падидаи нав бозгашт ба андешаҳои миллӣ ва ватандӯстӣ дорад, дар эҷодиёти Бозор, бо ҳама девонагиҳояш Бозору Гулрухсору дигарон ҳастанд. Яъне шеърро то ҷое нав карданд, аз шеъри сурх даст кашиданд. Аз шеъри сиёҳ. Шеъри нав, шеъри миллӣ гуфтанд. Нисбат ба қирғизу озарбойҷониву эронӣ шеърӣ мо нав аст.

-Шумо вақте «Бозор бо ҳама девонагиҳояш» гуфтед, чиро дар назар доред? Умуман Шумо нисбати ин шахсият чӣ андеша доред?

-Одами зирак аст, меҳанпараст аст, тоҷикпараст аст, чизе, ки барои шоири имрӯза даркор аст, дорад, лекин дар вақти андешаронӣ ба ин ё он ҷараёни сиёсӣ мегаравад. Баъзе меъёрҳоро, ки меъёрҳои умумимиллӣ ҳастанду ахлоқи хоса талаб мекунанд, риоя намекунад.

-Суханамон, атрофи дастовардҳои адабиёт буд. Шумо дар мавриди шеър гуфтед. Аммо насрамон чӣ вазъ дорад, асаре ҳаст, ки устод Қаноат ба роҳат хонад?    

 -Насри устод Айнӣ. Энсиклопедист буданд устод, дар ҳама мавзӯъ асар навиштанд. Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Духтари оташ» барин романҳои аз назари касбият бисёр баланд доранд. Дар ин масъала ба ин ду кас баробар нест. Дар баробари Улуғзода ҳам ҳеҷ кас нест. Баъдан насри шоиронаи Ҳаким Карим, Фазлиддин Муҳаммадиев, ки аз очерк сар карду «Дар он дунё» барин асарҳои ҷиддӣ навишт. Чанд нафари дигар амсоли Толис буданд, ки аз ҷаҳон барвақт рафтанд. Асарҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ андешаи аз ҳама навтар дошт. Аммо бечора замоне майдон омад, ки одамро мекуштанд. Худаш намояндаи ҳукумат буд, куштандаш,  аммо ҳеҷ кас намекобад. Сорбон асарҳои боқувват дорад. Чизҳои хуби бунёдӣ, ки ҳам дорои воқеияти зиндагӣ, ҳам андешаю ҳувияти миллӣ. Кӯҳзод дар ҳама асрҳояш ҳувияти баланди тоҷикӣ дорад. Дигар қариб, ки насрнависи ҷиддӣ надорем.

Ҳуқуқи ақибнишинӣ кардан, ҳуқуқи ором нишастанро надорам.

Рӯйи мизи устод чашмам ба таблое афтод, ки дар он манзарае акс ёфта буд. Аз устод дар бораи он пурсидам.

-Ин расми плотинаи Роғун - ва таблоро ба ман доданд. Дар гӯшаи он навишта шуда буд: «Участнику Дней литературы и искусства Узбекской СССР в Таджикской СССР Мумину Каноатову. Рогун сентябрь  1981».  Дар ҳайрат мондам. Имрӯз Ӯзбекистон намегузорад, ки Роғун сохта шавад, он замон дар Роғун Даҳаи адабиёту санъат мегузаронидааст.  Аҷиб!?

-Устод, биёед суҳбатамонро дар атрофи Роғун идома диҳем. Шумо дар сохта нашудани НОБ-и Роғун киро гунаҳгор мекунед?

-Ҳама тоҷиконро гунаҳгор мекунам. Он солҳо фақат як гурӯҳ олимон мондем. Муҳаммад Осимӣ, ман, Собит Неъматуллоев, сейсмологи сатҳи ҷаҳонӣ… панҷ шаш нафари дигар тарафдори сохтмон будем. Дигар ҳама мардум зид! Ман ба ин мардум ҳайронам,  агар як гап дурӯғ бошаду ба афсона монанд, ҳама бовар мекунад, аммо ба ҳақиқат ҳеҷ  кас ҳамовоз намешавад. Диду андешаи мантиқии мардуми мо то ҳол ба камол нарасидааст.

Медонед, то ҳол дар ҳайрат мемонам, ки онҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби 20- 30 нафар овоз гирифтанд, дар сессия хеста зидди Роғун гап заданд. Гулрухсор аз ҷониби  Аъзои комитети лихачёвӣ депутат шуда буд,  аммо дар сессия аз номи як давлат баромад кард. 

-Шумо ҳам дар он сессия будед, чаро  ба  сухани ин депутатҳо зид набаромадед?

-Бовар мекунед, депутатҳои мо он замон бригадиру деҳқону… ҳамин гуна бесаводон буданд. Тоҷикистон ҳамин хел аст- ку, бесаводон ҳамеша рӯ мебароянд, одамони босаводро он ҷо роҳ намедоданд, ки сиру асрори дохиларо он ҷо нагӯянд. Сиёсати Тоҷикистон ҳамавақт ҳамин хел буд. Вақте Гулрухсор баромад кард, мо хурсанд шудем, ки хайрият як нафаре баромад, ки масъалаҳои ҷиддӣ ва ҷаҳониро мегӯяд, аммо ҳеҷ гумон намекардем, ки зидди Роғун гап мезанад.

-Шумо чӣ андеша доред, тақдири Роғун чӣ мешавад?

-Ман ҳозир дар бораи Роғун  мақола навиштаам, ки онро дар газетаи шумо аллакай нашр кардам. (“Тоҷикистон” №37, 17.09.15. Мӯъмин Қаноат. Ҳаракати нур ё баракати зиндагӣ.)Танҳо як чизро мегӯям, ки мо Роғунро то охири Шӯравӣ сохтем ва албатта давомашро ҳам месозем. Бори дигар бо боварӣ мегӯям, ки мо Роғунро месозем…  Аммо кор кардан лозим,  таваққуф кардан нашояд. Дар ин замон агар 10 дақиқа таваққуф кунед, 10 солро аз даст медиҳед, чун андешаи мардум тез тараққӣ карда истодааст.

Моро устод то дарвоза гусел карданӣ шуданд. Вақти  аз дар баромадан гуфтанд: 

-Ман гуфтугӯятро бо Тимур Зулфиқоров хондам. Аҷиб. Ин одам воқеан дарду аламашро гуфтааст. Ин дард дорад. Бечора ҳамин қадар барои адабиёту ҳақи рус хизмат кард, аммо он ҷо ба қадри заҳматҳояш нарасиданд.  Барои он ки тоҷик аст. Падараш аз Чорбоғ аст… зиёӣ марди донишманд, модараш руси яҳудӣ… профессори тоҷикшинос…

 Дар рӯйи ҳавлии устод, ҳарду баробар қадам мезанем. Мепурсам:

-Устод! Ин қадар суҳбатамон тӯл кашид, ин қадар шавқовар буд, ки ҳатто фаромӯш кардам, ки саломатиатонро пурсам. Чӣ ҳол доред, саломатиатон хуб аст? Чӣ рӯзгор доред?

- Хубам. Аслан ман дар ин вазъият, дар ин кашмакашҳои геопалитикӣ ҳуқуқи бемор шудан, ҳуқуқи ақибнишинӣ кардан, ҳуқуқи ором нишастанро надорам.

-Устод саломат бошед, хаста набошед!

Одили НОЗИР

«Тоҷикистон» №41. 2015

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>