
Барфи рӯзи 18 октябр дар баъзе аз минтақаҳои куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, бархе аз сокинонро ғофилгир кард, ки ҳанӯз алафҳои даравидаашонро ҷамъ нанамуда, ҳосили дарахтонашонро ҳам нагирифтаанд.
Соли гузашта барфи аввал моҳи ноябр борида буд. Тавре, ки баъзе ҳавошиносон дар Русия ва кишварҳои дигар пешгӯӣ кардаанд, имсол зимистон нисбати солҳои пеш барвақттар омада, дуру дароз хоҳад буд. То кадом андоза ин пешгӯиҳо дурустанд, вақт нишон хоҳад дод.
Addthis: