Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

А. Ғоиб: Пайвастшавӣ ба Конвенсия тиҷоратро дар Тоҷикистон осонтар мекунад

$
0
0

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон,  ҳамроҳшавии кишвари моро ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ба тасвиб расонд.

Абдуфатоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шарҳи пайвастшавӣ ба ин Конвенсия, ки бо номи Киото маъруф аст, изҳор дошт, ки он барои содаю осон гардондани тиҷорат ва содироту воридоти мол мусоидат мекунад.

Раиси Хадамоти гумрук таъкид намуд, ки соддагардонӣ ва тезонидани марҳилаи ба расмиятдарорӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеаро маҳдуд намекунад, балки баръакс барои ситонидани боҷу андозҳо ва ҳимояи бозори дохилӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Содагардонии тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоб карда буд, ки барои содироту воридоти мол ба Тоҷикистон то 10 санад талаб карда мешавад. Дар ҳоле, ки барои содироту воридоти мол дар бисёре аз кишварҳои мутараққӣ ҳамагӣ 2 санад лозим аст.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>