Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

70 ихтиёрӣ аз Исфара дар оғози даъват

$
0
0

Шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 70 тан аз ихтиёриёнро ба хидмати ҳарбӣ гусел кардааст.

Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ додаанд.Бино ба хабари манбаъ, ин ҷавонон рӯзи якуми октябр, дар нахустин рӯзи оғози мавсими даъват ихтиёрӣ барои хидмат дар артиш ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ва ба аскарӣ гусел шудаанд. Манбаъ мегӯяд, дар даъвати гузашта шаҳри Исфара 15-20 рӯз пештар аз муҳлати муайяншуда нақшаи давъати ҳарбиро ба анҷом расонида буд: “Гусели барвақти ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз корҳои фаҳмондадиҳии масъулин вобастагӣ дорад. Яъне, чӣ гуна Ватанро ҳифз кард, қарзи шаҳврвандии ҳар инсон ва ба монанди инро мефаҳмонанд. Чун шаҳри Исфара корҳои фаҳмондадиҳиро ҳанӯз аз даври мактабхонии ҷавонон оғоз мекунад”.

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>