Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Ҳоҷиёни бозгашта қонуншиканӣ мекунанд

$
0
0

Бо ташкили як рейди махсус  масъулини  Кумита дин барои пешгирӣ аз истиқболи ботантанаи ҳоҷиён ва ташкили маъракаҳои серхарҷ, пешвози ҳоҷиёнро аз фурудгоҳ назорат карда, онҳоро то хонаҳояшон ҳамроҳӣ мекунанд.

 Файзигул Юсупова, як масъули кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯзи чоршанбюеи 30 сентябр гуфтааст, ки  худи ҳамин рӯз аз як маъракаи маъмули “Ҳоҷиошӣ” ҷилавгирӣ сурат гирифт.

Ӯ мегӯяд, “Барои пешвози ҳоҷӣ дар як хонавода аллакай барои меҳмонон ош омода шуда буд, мо пешгирӣ кардем ва ошро ба хонаи ниёзмандон бурда супурдем.”

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз 28- уми сентябр шурӯъ шуда, то имрӯз ба гуфтаи масъулони кумитаи дини Тоҷикистон 7 гурӯҳи зоирон ба Душанбе баргаштанд.

Ба гуфтаи Файзигул Юсупова, дар пайи рейдҳои вижа ва назорати шадиди солҳои ахир, имсол мавориди истиқболи ботантанаи ҳоҷиён дар фурудгоҳ бо корвони мошинҳои гаронбаҳову орододашуда ва бо пояндоз кам шудааст.

Аммо ҳоло ҳам ба қавли ӯ, бархе аз сокинон барои пешвози ҳоҷиён омодагии хос дида, маъракаҳое, мисли “Ҳоҷиошӣ” ва “Ҳоҷиталбон” баргузор мекунанд: “Имрӯз дигар он кортеджи мошинҳои гаронбаҳо, масалан нест, вале ба ҳар ҳол ҳастанд ҳолатҳое, ки мардум зимни қабули ҳоҷиҳо риоя намекунанд қоидаро”

Мақомоти Тоҷикистон бо қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, истиқболи пуршукӯҳ ва серхарҷи ҳоҷиёнро ҳам дар қатори тӯю маъракаҳо манъ кард.

Пешвози ҳоҷиён дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир маъракаву маросимҳои зиёду пурхарҷро ба ҳамроҳ дошт. Наздикони ҳоҷиён аз чанд рӯзи қабл барои истиқболи онҳо омодагӣ дида, мошинҳои гаронбаҳое, мисли Лимузин киро мекарданд ва онҳоро бо пояндозу пурдабдаба то хонаҳо мебурданд.

 Ҳамчунин, баъди бозгашти ҳоҷиён аз зиёрати хонаи Худо, наздиконашон бо гузоштани дегҳои бузурги ош ва маъракаи “Ҳоҷиошӣ”хешу табор ва ҳамсояҳоро меҳмондорӣ мекунанд ва мардум ҳам бо ташкили маъракаи “Ҳоҷиталбон” ҳоҷиҳоро ба хонаҳои худ даъват мекунанд.Соли гузашта Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, даҳ ҳоҷии тоҷикро барои нақзи қонун ҷарима карданд.

Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ин амали ҳоҷиён ва умуман сокинони кишвар хилофи қонуни танзим аст ва ба ҷайби ҳоҷиёни дигар, ки шояд имконияташон фаррох несту танҳо барои адои фарз ба ҳаҷ рафтаанд, зарба мезанад.

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо рафта буданд. Гуруҳи аввалини ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 28 - уми сентябр баргаштанд.

Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини мубини Ислом буда, адояш барои ҳар фарди мусалмоне, ки тавони молӣ дорад, фарз аст. Дар Тоҷикистон солҳои охир хоҳишмандони зиёрати Ҳаҷ афзуда, мақомот маҷбур шудаанд, сокинонро бар асоси рӯйхат ё навбат ба зиёрати Хонаи Худо фиристанд. Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик қариб 23 000 сомонӣ, муодили 3670 доллар муқаррар шуда буд. Ин назар ба як сол пеш 4700 сомонӣ бештар аст.

 

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>