Quantcast
Channel: Точикистон - Тоҷикистон
Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Артиши Русия ҳам «маза»-и Сурияро чашиданист

$
0
0

Шӯрои федеролии Русия барои истифодаи қушунҳои ҳарбии ин кишвар дар Сурия иҷозат дод.30-юми сентябр Сергей Иванов, раҳбари дастгоҳи Кремл ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки сенаторҳои палатаи болоии парламенти Русия якдилона ба истифодаи нерӯҳои ҳарбии Русия дар хориҷ раъй додаанд. Барои истифодаи нерӯҳои ҳарбии ин кишвар дар хориҷ президенти Русия Владимир Путин ба Шӯрои федеролӣ муроҷиат карда буд.

Ба гуфтаи Сергей Иванов, Башор Асад, президенти Сурия ба Русия барои ироаи кӯмаки низомӣ муроҷиат кардааст.  Иванов афзудааст, ки ба амалиёти нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ иҷозат шудааст.

Зимнан, ду рӯз қабл Владимир Путин зимни суханрониаш дар маҷмааи СММ гуфта буд, ки ҳарбиёни Русия дар Сурия вориди ҷанг нахоҳанд шуд: "Дар амалиётҳои ҷангӣ хидматчиёни ҳарбии мо бевосита ширкат намекунанд, вориди ҷанг ҳам намешаванд.”

Охирон бор, моҳи марти соли 2014 Шӯрои федеролии Русия барои истифодаи нерӯҳои ҳарбии Русия то ором шудани вазъ дар ҳудуди Украина иҷозат дода буд.

Категорияхо:

Addthis: 

Viewing all articles
Browse latest Browse all 1838

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>