
Ҷасади генерали шӯришгар Абдуҳалим Назарзодаи 51-сола, ки рӯзи 16 сентябр кушта шуд, дар қабристони маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Тавре аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ додаанд, се нафар ҳаммаслакони ӯ, ки зимни муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукумат дар дараи Ромит кушта шуда буданд, низ дар ин ормогоҳ дафн карда мешаванд. Аз исми ин нафарон ном бурда нашуд.
Маросими ҷаноза ва ба хок супурдани ин нафарон таҳти назорати дақиқи кормандони сохторҳои қудратӣ сурат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи комилан анҷом ёфтани амалиёти махсус оид ба безарар гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода хабар доданд