
Озодбек Асматбеков, як сокини деҳаи Ошиневи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, ки миёни сокинони маҳаллӣ ҳамчун халифа ё худ руҳонӣ маъруф аст, шоми 17 сентябр ҳадафи тирпаронӣ қарор гирифтааст.
Тавре аз мақомоти вилояти иттилоъ додаанд, қазия тақрибан соати 9:00 рух дода, феълан тафтишот идома дорад: “Ҷабрдида дар беморхона бистарӣ буда, вазъи саломатияш муътадил мебошад”.
Addthis: